Сиёсати давлатии ҷавонон дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Posted by

Ҷавонон ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Тақдир ва инкишофи ҳар як давлат, аз ҷумла Тоҷикистон ба мавқеи фаъоли ҷавонон алоқамандӣ дорад, чунки дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта шудаанд. Ва ин ҳам бесабаб нест. Зеро фалсафаи ҳаёт худ чунин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ ба дасти ҷавонон мегузарад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки гуфтаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд».

Ин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад.

Ҳамаи инро ба назар гирифта, қайд кардан ҷоиз ва то ҷое ниҳоят зарур аст, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Ин амр аз тамоми ҷомеа тақозо мекунад, ки моҳияти ваҳдату якдилӣ, ватану ватандорӣ ва ифтихору худшиносии миллиро ба ҷавонон ташвиқ намоянд, зеро дур шудан аз асли худ маҳву заволи худ аст.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас буда, дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумат муқаррар гардид ва ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамуҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст. Тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳаллуфасл намудани масъалаи муҳимми ҷомеа, яъне тарбияи насли дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида, таъмин намудани ояндаи устувори ҷомеа имконпазир мегардад.

Баробари ба даст овардани Истиқлоли миллӣ зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ба миён омад. Рӯзу моҳҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аниқтараш 13 марти соли 1992 аз тарафи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», далели ин гуфтаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кард. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии худ медонад.

Дигар ташаббуси муҳим дар самти мазкур санаи 9 июни соли 1993 ба вуқӯъ омад. Дар он вақт – баъди барқарор гаштани сохти коститутсионӣ, бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №256 Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Дарвоқеъ, бо назардошти неруи созандаву ворисони оянда будани ҷавонон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавони кишвар мулоқот карданд ва пас аз он фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расонданд. Мутобиқи ин фармон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 1997, таҳти №240 «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Бо тақозои ҷомеаи муосир ва ислоҳоти идораи давлатӣ, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки фаъолиятро дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монд.

Гузашта аз ин, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон», «Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Ин санадҳои ҳуқуқӣ барои татбиқи самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда, фаъолияти ин соҳаи афзалиятнокро танзим намуда, ба рушди устувори он мусоидат мекунанд.

Дар баробари ин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд. Раиси Шурои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар нахустин ҷаласаи ин шуро (27.05.2016) изҳор доштанд, ки таъсиси шурои мазкур таҳти раёсати Президенти мамлакат ҳадафи мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва дар ин замина, барои ба корҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ бештар ҷалб кардани онҳоро дошта, муносибат бо ҷавонон, роҳандозии усулҳои боз ҳам муассири ҳамкориву ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатиро бо ташкилоту созмонҳои ҷавонон тақвият мебахшад.

Ногуфта намонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраҳои аввали роҳбарӣ ба ин неруи созанда такя намуда, бо ҷавонон силсилаи вохӯриҳоро гузарониданд. Аз ҷумла, мулоқотҳои Сарвари давлат ва суҳбатҳояшон дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷавонон дар ҳаёти намояндагони ин қишри фаъоли ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба миён оварданд. Ҳамчунин, Роҳбари давлат дар ҳама сафарҳои корӣ, дар дохил ва хориҷи кишвар мунтазам бо ҷавонон дидору мулоқотҳо анҷом дода, аз ҳаёту фаъолият ва мушкилоти онҳо пурсон ва ба ҳалли онҳо мусоидат мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ба хотири боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби онҳо, таъмини минтақаҳои дурдаст бо кадрҳои маҳаллии ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди намояндагони ин қишри созандаи ҷомеа дар мактабҳои олии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсили илму касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Дигар омили ниҳоят муҳим дар ҳаёти ҷавонони кишвар он аст, ки Пешвои миллат ба ҷаҳду талош ва иродаи мустаҳками онҳо эътимоди калон доранд. Таъкидҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди он ки «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем».

Дар ин замина, Сарвари давлат ҳанӯз 21 майи соли 2005 дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони кишвар таъкид карда буданд, ки: «Шумо – ҷавонон барои тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллат, рушду ободии мамлакат, дар арсаи ҷаҳон ва миёни давлатҳои мутамаддини олам мақоми шоиста ёфтани Тоҷикистони азиз масъулияти бузург бар дӯш доред».

Нуктаи дигари меҳварӣ он аст, ки ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шаҳодати дигари ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба насли ҷавони миллат мебошад. Яъне, ҳар кору амале, ки дар мамлакат роҳандозӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистони азиз нигаронида шудааст.

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд