Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ

Posted by

18 майи соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки 100 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Дар маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд дар чорабинии варзишӣ беш аз 25 000 нафар ҷавонону наврасон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон ва дӯстдорони тарзи ҳаёти солим иштирок карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзиширо рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, солимии ҷомеа ва нишонаи пуштибонии мардуми кишвар аз сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки  баргузории Дави миллӣ ба анъанаи нек мубаддал гашта, он ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир мегардад.

Зикр шуд, ки бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 бунёди зиёда аз 100 иншооти варзишӣ, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои муосир дар шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар идомаи суханронӣ Раиси вилоят чунин чорабиниҳоро воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои байни наслҳо, ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва таҳкими рӯҳияи солим дар ҷомеа арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки Дави миллӣ минбаъд низ ҳамчун як ҷашни воқеан мардумӣ дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

Дар фарҷом, Раиси вилоят тамоми иштирокчиён ва мардуми вилоятро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамагон тандурустӣ, сарбаландӣ, рӯҳияи баланд ва дастовардҳои нав орзу намуд.

Сипас, иштирокчиёни Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз назди Маҷмааи ҳавзҳои шиноварӣ тавассути хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил то майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд. Дар охир барои ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.