Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат ба ҷавонон, ки қишри муҳими ҷомеа ба ҳисоб мераванд, диққати махсус дода, барои фаъол намудани нақши ҷавонон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҷавон буда, қариб 70 фоизи онро ҷавонон ташкил мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосан ба ҷавонон такя намуда, ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавононро қисми муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ қарор дода, қайд намудаанд: «Ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд».
Дар даврони соҳибистиқлолии давлат дар самти баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муоисири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Имрӯз дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд.
Ҳамчунин, дар баробари ин «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ин ҳама зарурати ширкати ҷавононро дар ҳалли вазифаҳои мубрами инкишофи иҷтимоию иқтисодии кишвар ба миён овард. Пас аз қабули чунин санадҳо конфронсҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, семинарҳои омӯзишӣ, озмуну фестивалҳо, инчунин, чорабиниҳои дорои хусусиятҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, ки дар ҳар яке аз онҳо иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ободонӣ дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷумҳурӣ нақши бисёр муҳим гузоштанд.
Яке аз қишрҳои асосии ҷомеа, ки бештар аз ҳисоби онҳо кадрҳои соҳаҳои мухталиф ба воя мерасанд, ҷавонон мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани завқи ҷавонони илмҷӯю навовар ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо стипендияҳо ва ҷоизаҳои гуногун барои ҳавасманд гардонидани ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ва соҳибмаърифат, ки метавонанд дар рушду инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату миллат саҳми босазо гузоранд, таъсис дода шуд. Тибқи оморҳои расмӣ дар муддати 30 соли истиқлоли давлатӣ 4200 нафар наврасону ҷавонон аз стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳравар гардида, то ҳол саҳми муносиби худро дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа гузошта истодаанд.
Ҳамчунин, шумораи гирандагони квотаҳои Президентӣ аз 200 ба 1600 ва шумораи гирандагони Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ аз 6 ба 12 нафар расонида шуд.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо моҳи майи соли 2016 нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои дахлдор ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, дастгирии соҳаҳои варзиш ва тарбияи тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Имрӯз Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани онҳо имкониятҳои хуб фароҳам овардааст. Дар баробари ин гуна дастгириҳо ва ғамхориҳои Сарвари давлат, имрӯз мо ҷавононро мебояд, ки қишри аз ҳама фаъоли ҷомеа бошем, ташаббусҳои бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ва даврони истиқлолро бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ ҳифз намуда, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар бо дасту дили гарм ва нерӯи созанда қадр намуда, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, тақкими истиқлолият ва таъмини амнияти давлатро вазифаи муқаддаси худ дониста, барои иҷрои ин вазифаи бошараф омода бошем.
Ҳамроқулзода Борбад Аслиддин – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд