Ҷавонони саодатманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфта, сарбаландию сарфарозӣ, саодати рӯзгор, осмони софу беғубор, хонаи ободу осуда ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд:
“Ҷавонони шарафманди тоҷик анъанаҳои аҷдоди сарбаланди худро идома бахшида, ба Ватан, муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар содиқ будани худро борҳо собит кардаанд. Насли ҷавони мамлакатамон бо ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ба суннатҳои писандидаи гузаштаи халқамон, яъне ба таърих ва фарҳанги миллиамон арҷ мегузорад”.
Дар ҷавоб ба ин дастгириҳои доимӣ ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.
Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.
Рӯзи ҷавонон муборак бошад !