Вохӯрии судманд бо кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан

Posted by

21 августи соли 2024 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Соли маърифати ҳуқуқӣ, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак»; риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд вохӯрии судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Наврӯз бо кормандони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Наврӯз дар назди ҳозирин доир ба мавзуҳои мубрам аз қабили: Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023; содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920; пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;  вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»; риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо  баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *