Санаи 20 августи соли 2024 дар Суди иқтисоди вилояти Суғд маҷлиси навбатии ҳафтаина баргузор гардид. Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис баромад намуда, китоби назорати интизоми меҳнат аз назар гузаронида шуда, оиди риояи ҳатмии Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судяҳо ва кормандони суд таъкид гардид.
Ба ҳозирин дастур дода шуд, ки ҳангоми таҳия намудани санадҳои судӣ, протоколҳои маҷлиси судӣ ва варақаҳои иҷро ба камбудиҳо роҳ надода, онҳоро бо риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ санҷида, ҷобаҷогузории пайдарҳамии ҳуҷҷатҳоро ба роҳ монда, парвандаҳоро сари вақт ба шуъбаи коргузорӣ ва назорат супоранд.
Оид ба масъалаҳои корӣ дар ҳафтаи гузашта, судяҳо ва котибони маҷлиси судӣ шунида шуданд.
Дар охир ба судяҳо ва кормандони дастгоҳ дастур дода шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, аз амалҳои коррупсиони худдорӣ намуда, дастуру пешниҳодҳои дар Паём ироа гардидаро сармашқи кори худ қарор дода, сидқан вазифаҳои худро иҷро намоянд.