Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Суди иқтисодии 0вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2024

Posted by

08 августи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2024, нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Туйчизода Т., роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд, намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумоти мухтасари раиси суд Мирзозода П.Т. манзур гардид.

Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди иқтисодии вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.