Дар Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен мусобиқаи бузкашӣ доир гардид. Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти ин озмун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ва Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода иштирок намуданд.
Ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарғиби варзиш унвон мешавад.
Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)