Дар идомаи сафари корӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам аз ҷараёни ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии “Фотима” ва Баландқӯрғон”-и Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби Саидқӯрғон дидан намуд.
Номбурда зимни боздид ба масъулин ҷиҳати таҳкими фаъолияти кишоварзӣ супоришҳо дода, баҳри беталаф ва сифатнок анҷом додани ҷамъоварии ҳосили кишт маслиҳат дод.
(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)