Боздид аз фаъолияти насосҳои обкашӣ

Posted by

Дар доираи сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам аз фаъолияти насосҳои обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд боздид сурат гирифт.

Аз ҷумла, масъулин аз насосҳои обкашии “Новая” ва “Нов-1” дидан намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҳисоби маблағи буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоби 3,5 миллион сомонӣ ба ин насосҳои обкашӣ таҷҳизот харидорӣ шудааст. Баҳри таҳкими фаъолияти насосҳои обкашӣ масъулин муваззаф гардиданд.

(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)