Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди олии иқтисодӣ Мирзозода Рустам ба ноҳияи Спитамен дар доираи сафари корӣ аз як қатор муассиса ва иншоотҳо дидан намуд.
Аз ҷумла, дар доираи ин ташаббус мавсуф ҳамроҳ бо Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва масъулини сохторҳои дахлдор аз фаъолияти мактаб -интернати назди шуъбаи маориф боздид кард.
Дар доираи боздид ба сатҳи фаъолият ва шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷиҳати таъмини имкониятҳои хубтар дастуру супориш ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон карда шуд.
Дар идома масъулин аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ, ки ба муносибати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дидан карданд.
Баҳри вусъати фаъолият ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ маслиҳатҳо ироа шуд.