Тартиби таъсис додани хоҷагии деҳконӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ

Posted by
Қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ», ҳоҷагии деҳқонӣ субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъолияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдошта асос меёбад.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ – шаҳрвандони қобили амали ба синни 18 расида, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти ташкили хоҷагии деҳконӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, дониста мешаванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» муқаррар намудааст, ки хоҷагии деҳқонӣ аз тарафи як нафар ё гурӯҳи шахсони воқеӣ бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо таъсис дода шуда, фаъолияти худро аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ амалӣ менамояд.

Дар ин маврид бақайдгирии давлатӣ яке аз аъзоёни хоҷагии деҳконӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ карда мешавад.

Мақомоти идоракунии хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ роҳбар ва маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.

Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳконӣ» муқаррар намудааст, ки узвият дар хоҷагии деҳқонӣ нисбат ба хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатӣ нишон додани саҳми замини ҳар як узви хоҷагӣ дар қитъаи замини истифодаи якҷоя ва дар шартномаи аз ҷониби гурӯҳи шахсон оид ба фаъолияти якҷоя нишон додани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои он, муайян карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби зиёда аз як шахс таъсис дода шудааст, дар асоси шартнома дар бораи фаъолияти якҷоя амал менамояд.

Дар шартномаи фаъолияти яҷояи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ шумораи аъзо, насаб, ном, номи падари ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои хоҷагии деҳқонӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои хоҷагии деҳқонӣ, тартиби баромадан ё хориҷ кардан аз узвият, тартиби қабули узви нав ба хоҷагии деҳқонӣ, молу мулк ва андозаи саҳми замини узви хоҷагии деҳқонӣ дар қитъаи замин, тартиби даъвати маҷлиси аъзои хоҷагии деҳқонӣ, тартиби ҳалли баҳсҳо ва қатъ кардани шартнома, нишон дода мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ» ва Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар ду намуд муқаррар карда мешавад: 1-ум ин хоҷагии деҳконии нав ташкилшаванда аз ҳисоби заминҳои фонди махсус, 2-юм ин аз ҳисоби заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ. (таҷдид)

Қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якумраи меросӣ бо ҳуқуқи бегона намудан ё бе ҳуқуқи бегона намудан дар асоси аризаи шаҳрвандон тибқи қарори раиси ноҳия (шаҳр) аз ҳисоби заминҳои фонди махсуси ноҳия (шаҳр) ё аз ҳисоби заминҳои ташкилотҳои кишоварзӣ яклухт дода мешавад.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши ташкил намудани хоҷагии деҳқониро доранд, барои гирифтани қитъаи замин ба мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ариза медиҳанд.

Дар асоси талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ташкили хоҷагии деҳконӣ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ба шахсони воқеӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ ва барои боғдорию полезкорӣ дода мешаванд.

Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин ба хоҷагии деҳконӣ, корҳои вобаста ба муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаи замин дар маҳал аз ҷониби кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳия (шаҳр) бо тартиби Қоидаҳои ҷудо намудани замин ба шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ (№342) ва Қоидаҳои аз навташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ (№1775) гузаронида мешаванд

Пас аз пайдоиши ҳуқуқи истифодаи замин, мувофиқи муқаррароти моддаи 15 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин ба қайди давлатӣ гирифта шуда, тасдиқ карда мешавад.
Дар ин маврид ба хоҷагии деҳконӣ шаходатнома дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтан дода шуда, ба ҳар як узви хоҷагӣ шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.

Агар пас аз ба қайди давлатӣ гирифтан узви нав ба хоҷагӣ қабул карда шавад ё аз узв аз хоҷагӣ барояд, хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайди давлати гирифта шуда, ба ҳар як узви навқабулшуда аз нав шаҳодатномаи саҳми замин дода мешавад.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Хоҷазода Фаррух Ҳабиб