Нақши мақомоти судӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, ифодакунандаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ, оинаи пешрафти кишвар, барномаи амал ва раҳнамову раҳкушои самтҳои мушахассу муайяни фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва мардуми шарифи Тоҷикистон барои фардои дурахшони мамлакат ба шумор меравад. Тавре, ки моҳияти аслии худи Паём бармеояд, он инъикоскунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад.

Паёми навбатии Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, бозгӯи як давраи томи фаъолияти пурсамару пурвусъат, серҷабҳа, музаффарофарин ва пурбори роҳбарияти олии давлату миллат, ҳамаи мақомоти ҳокимият ва мардуми кишвари азизамон буд. Чунки дар ин Паём  Пешвои муаззаму маҳбуби халқ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, маънавию фарҳангӣ, ҳуқуқию сиёсӣ ва пешрафту таҳаввулоти азими созандагию бунёдкорӣ дар як давраи ҳафтсолаи охир ва инчунин, соли 2023-юм  ташреҳ, тавзеҳ ва таҳлилу баррасӣ намуд, самтҳои минбаъдаи фаъолият муайян намуданд.

Меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробари шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт ташкил медиҳанд. Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъсири ҷаҳонишавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва муқоисакунии қонунгузории давлатҳо ва низомҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таъсиси иттиҳодҳои нави ҷаҳонӣ ва минтақавии байни давлатҳо, таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

Соли 2024 мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии қабули Конститутсия – бахтномаву саодатномаи миллату давлати худро таҷлил менамоянд. Дар ин хусус ва ҳамзамон ҷойгоҳ ва мақоми Конститутсия дар пешрафту ободии Ватан, таъмини саодати мардум зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои пурқимматро баён дошта, таъкид намуданд, ки: “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад.

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем”.

Дар идомаи ин андешаҳои баланд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Конститутсия ҳамчун санаи муҳими таърихӣ соли 2024  «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Ҷиҳати татбиқи ин иқдоми шоиста бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, таҳти №668 соли 2024 дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардид, ки  ҷиҳати татбиқи санади мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намуда, иҷрои босифати онро таъмин месозад. Чуноне, ки дар Паём омадааст: “дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад”.

Оид ба мафҳуми маърифати ҳуқуқӣ дар илми ҳуқуқшиносӣ бо назардошти ақидаи олимон мафҳумҳои гуногун баён шудаанд. Дар маҷмуъ, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда ва бевосита таъсиррасонандаи равандҳои ҷомеа заминаи муносибатҳои ҳуқуқиро роҳандозӣ ва ташаккул дода, дар табодулу инкишофи маърифати инсонӣ саҳми бесобиқа дорад. Он аз маҷмӯи меъёрҳо, институтҳои ҳуқуқӣ ва равандҳои гуногун иборат мебошад, ки вазифаи муайяннамоии мавқеи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии инсонҳоро дар ҷомеа мушаххас иҷро менамояд. Агар содда карда гӯем, аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро медонад ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаи алоҳида ҳокимият – татбиқкунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, ҳифзкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд ба шумор рафта, инчунин таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ вазифа асосиаш мебошад. Аз он ҷумла тибқи қисми 1 моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Дар робита ба ин, мувофиқи моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳифз менамояд. Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад. Яъне, дар ҳама ҳолат нақши мақомоти судӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим дорад, зеро Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ қонуни ҳуқуқиро арзиши олӣ эътироф намудааст ва дар раванди татбиқи адолати судию иҷтимоӣ, гузаронидани мурофиаҳои сайёри судӣ ва намоишӣ, суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоту идораҳо ва қабули таъинотҳои хусусӣ пурра мавқеи суд инъикос мегардад. Илова ба ин,  дар ҷараёни бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад, зеро ҷомеае ки ҷаҳонбинии ҳуқуқии баланд дорад, ки он дарбаргирандаи маърифати ҳуқуқӣ аст, заминаи мустаҳками эъмори давлати ҳуқуқбунёдро мегузорад. Инчунин ҷомеаи дорои маърифати ҳуқуқии баланд ба фаъолияти саривақти ва самараноки тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз он ҷумла судҳо низ мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки дар асоси Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз 6 феврали соли 2018, №1005 баланд бардоштани сатҳи маърифат ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Гузашта аз ин, тибқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” ноябри соли 2019, № 599 тасдиқ шудааст, яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амалӣ мегардад.

Яке аз иҷрокунандаи Барномаи мазкур тибқи банди 55-и он, мақомоти судӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ уҳдадор шудааст, ки барои расидан ба ҳадафи гузошта шуда, чунин тадбирҳоро амалӣ намояд:

– ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад;

– ҷиҳати бештар намудани шумораи мурофиаи сайёри судӣ ва самаранокии онҳо чораҳои зарурӣ андешад;

– вобаста ба тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва ҳалли баҳсҳои тосудӣ (медиатсия) бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монад;

– тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаи интернетӣ ба маълумоти аҳолии кишвар расонидани санадҳои судӣ;

– тақвият бахшидан ба барномаҳои телевизионии махсус дар мавзӯъҳои баррасишудаи парвандаҳои судӣ.

Аз ин ҷиҳат, мо кормандони мақомоти судӣ баҳри татбиқи ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла татбиқи мақсаду вазифаҳои “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024, ки аз Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, тамоми саъю талош ва донишу таҷрибаи касбии худро равона месозем. 

Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Эмомализода Н.Э.