Суҳбату вохӯрӣ бо  омузгорон ва хонандагони  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №11 – и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров

Posted by

Санаи 8 феврали соли 2024 бо иштироки Муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А., судя Ниёззода М. ва котиби маҷлиси судӣ Розиқов Б.Б. дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии – и №11  Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Б.Ғафуров бо омузгорон ва хонандагони муассисаи мазкур мулоқот доир гардид. Ба ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, маълумот дода шуд.

Зимни мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзӯҳои эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ, пешгирии бахсус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Мубориза ба зиддӣ коррупсия” ва “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.