Суҳбату вохӯри бо кормандони Корхонаи фаръи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Хуҷанд

Posted by

Санаи 6 феврали соли 2024 бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судяҳо Давлатзода Т.Ш. ва Эмомализода Н.Э., котиби маҷлиси судӣ Набиев Х.А., референти суд Олимиён Т.Б. дар толори Корхонаи фаръи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Хуҷанд бо кормандон мулоқот доир гардид. Ба ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, маълумот дода шуд.

Зимни мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзӯҳои эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои давлатӣ, пешгирии бахсус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Мубориза ба зиддӣ коррупсия”, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи милии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар фарҷоми мулоқот аз тарафи судяҳо ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд ва ҳамзамон дар ҷашнгирии Рӯзи Модар ба бонувону модарони дар толор ҳузурдошта, бо арзи сипос ва арҷгузорӣ ба заҳмату ирода ва меҳнати беҳамтояшон изҳори сипос намуда, комёбиҳои беназир, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуданд.