Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон cоли 2023 дар Пайёми навбатии ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқи эълон кард ва дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2023 сол таҳти №668 қабул гардид.
Мақсад аз қабули фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Вуҷуд доштани базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакатро таъмин карда, яке аз омилҳои асосии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро ҳадафи имрӯза ва ояндаи инкишофи худ қарор додааст. Аз ин рӯ дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузургу ҳалкунанда дорад. Дар чунин давлат ҳамагуна муносибатҳо бояд дар асоси ҳуқуқ ва қонун танзим карда шаванд.
Волоияти қонун ҳамчун нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеа воқеан бояд дарк шавад. Дар ҷомеаи муосир қонун ҳамчун воситаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмӯи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон «Агар хоҳи озод бошӣ пас ғуломи қонун бош». Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди нигилизми ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими принсипи волоияти қонун ҳамеша аҳамияти хоса доштанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, печидатар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, равандҳои афзояндаи иттилоот ва рақамикунонӣ проблемаҳои маърифати ҳуқуқӣ, тарбия ва таълим на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав пайдо кардаанд. Имрӯз риояи қатъии қонун як тамоюли муайяни меъёриро ифода карда, дар атрофи худ сохторҳои ҳокимиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, табақаҳои иҷтимоӣ ва қувваҳои ҷамъиятӣ – сиёсиро муттаҳид менамояд.
Бо шарофати истиқлоли давлатӣ рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун рӯи чоп меоянд ва дастраси хонандагон мегарданд ва дастрасии шаҳрвандон ба сомонаҳои интернетӣ имкон медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти қонунгузории ҷори бохабар бошанд. Зимнан баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро бе ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст ва он дастрасӣ ба махзани ҳуқуқӣ бояд ба мардум озод ва бемонеа бошад. Дастрасии озод ба манбаъҳои қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки ҳар шахс барои дар доираи талаботи қонунӣ ба роҳ мондани фаъолият, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва огаҳ будан аз муқаррароти қонунгузорӣ бохабар бошад. Ин ҳолат аз масъулини мақомоти давлатӣ тақозо менамояд, ки санадҳои худро мунтазам дар сомонаҳо ҷой диҳанд, пайваста онҳоро зери назорат қарор диҳанд ва ба ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид мешавад, сомонаро такмил диҳанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила, ки ячейкаи хурдтарин дар давлат ба ҳисоб меравад бояд оғоз гардад. Аз рӯи маълумоти оморӣ қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро имрӯз ҷавонон ташкил медиҳанд ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Ин ҳама ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдак равона гардидааст. Волидайнро месазад, ки худ қонунро ва риояи онро донад ва дарк намояд ва ҳамчун мурабӣ онро ба кӯдаки худ омӯзонанд.
Дар ин вазифаи пурмасъулият мо бояд бетараф набошем ва аз донишу малака, таҷрибаи корӣ ва имкониятҳои ҷойдошта воқеан истифода карда, маҷлисҳои сайёри судиро бо суҳбату вохуриҳо бо мардум ба маротиб зиёд карда, тарғибу ташвиқи қонунҳоро бо роҳи чопи маводи илмию таълимӣ ва оммавӣ ба роҳ монда, чорабиниҳои гуногуни таъимию тарбиявиро ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонбарои беҳтару хубтар ба роҳ монем.
Муовини Раиси Суди
иқтисодии вилояти суғд Исмоилзода Р. А.