Вохӯрӣ бо  кормадони филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон

Posted by

Санаи 18 январи соли 2024 бо иштироки Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т., судя Давлатзода Т.Ш. ва котиби маҷлиси судӣ Сангов Ш.С. дар толори Филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Гулистон бо кормандони филиал мулоқот доир гардид. Ба ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, маълумот дода шуд.

Зимни мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзӯҳои эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии экстремизм ва ифротгароӣ, пешгирии бахсус ҷавонон аз таъсири ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву бегона, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Мубориза ба зиддӣ коррупсия” ва “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.