Натиҷагирӣ аз натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Спитамен дар соли 2023

Posted by

Санаи 10 январи соли 2024 маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 баргузор гардид. Дар маҷлиси ҷамьбастӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҳир Толибзода иштирок намуданд.

Ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, занон, ҷавонон, раисони Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо дар маҷлис ширкат карданд.

Пас аз муайян гардидани регламенти корӣ аз руйи ҷамьбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 муовини Раиси ноҳия Исломзода Баҳодур ҳисобот дод.

Дар идома аз ҷониби раиси ноҳия роҳбарони ташкилоту идораҳо пурсиш шуданд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Тоҳир Толибзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар соли 2023 ибрози назар намуда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини рушду пешрафт ва расидан ба натиҷаҳои арзанда таъкид намуд.

Бо баррасии натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҳамзамон ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти минбаъда дар назди масъулин дастуру супоришҳо вогузор гардид.

Дар фарҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба як қатор фаъолон, ки дар иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 иҷрои нақшаи пахта ва баҳри ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар соли сипаришуда Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен супорида шуд.

(Аз Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен)