ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ПОЯИ МИЛЛАТ – Котиби судии Суди иқтисодии вилояти Суғд Сангов Шаҳриёр

Posted by

Забон воситаи муҳимтарини робитаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шудаанд ва инчунин зуҳури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат, яъне ойинаи фарҳанги халқ аст. Инсон фикри худро бо роҳҳои мухталиф ифода карда метавонад, аммо воситаи асосии ифодаи афкори инсон забон аст. Ҳар як забони зинда аз ҳастии ин ё он миллат дарак медиҳад. Вобаста ба рушди ҷомеа забонҳо низ инкишоф ёфта, ба дараҷаи миллӣ расиданд.

Забони тоҷикӣ аз хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, ба гурўҳи забонҳои эронӣ дохил мешавад.

      Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонӣ ва соҳибхати олам маҳсуб ёфта, се марҳалаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халқи тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба як китоби дигари таърих сабт мекунад. Халқи тоҷик забони худро ниҳоят дӯст медорад ба он  ҳамеша арҷ мегузорад. Бояд қайд намуд, ки новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон аз байн нарафта, баръакс асолати таърихии худро нигоҳ дошт. Маҳз тавассути ҳамин забон халқи тоҷик ҳастии худро ҳифз намуд.

      Лозим ба тазаккур аст, ки дар замони салтанати Тоҳириёну Саффориён забони тоҷикӣ мақоми шоистае касб карда, доираи васеъро фаро гирифт.

      Баъди  Инқилоби октябр ва арзи ҳастӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави инкишофи забони адабии тоҷик оғоз ёфт. Забони адабии китобӣ ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид.

      Забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.

      Дар баробари ин, гиромидошти забони миллӣ аз ҷониби давлату ҷомеа пуштибонии махсусро тақозо менамояд.

     Яъне мо ба забон пайваста мисли ҷисми зинда бояд ғамхорӣ кунем, барои рушди минбаъдаи он ва поку беолоиш нигоҳ доштани ин забони ширину шоирона мунтазам саъю талош намоем.

    Дар акси ҳол, забони миллӣ зери таъсири омилҳои гуногуни манфӣ метавонад мавриди ҳуҷуми унсурҳои бегона қарор гирифта, меъёрҳои адабии он халалдор гарданд ва забон ҷойгоҳи аслии худро дар ҷомеа аз даст диҳад.

     Ҳамин гуна вазъи ногувор ба сари забони мо қабл аз ноил гардидан ба истиқлолияти давлатӣ омада буд.

     Ба ин хотир, забони тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони расмии кишвар пойдор гардид ва давлат забонро дар паноҳи сиёсии худ қарор дод.

    Дар ин росто, мо нахуст ҷанбаҳои ҳуқуқиро муҳайё сохта, забони тоҷикиро дар Конститутсияи кишвар забони давлатӣ эълон намудем ва барои дар амал татбиқ намудани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем.

    Минбаъд барои пешрафти забони давлатӣ ва густариш пайдо кардани доираи истифодаи он шароити мусоид фароҳам омада, тамоми монеаву маҳдудиятҳо, ки дар то замони истиқлолият мавҷуд буданд, бартараф карда шуданд ва забони модарии мо ба шоҳроҳи тараққиёти озодона ворид гардид.

     Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат муваффақона ва бомаром идома дорад.

     Аз ҷумла, имрӯз масъалаҳои коргузорӣ, хусусан, мукотиба дар байни мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ, инчунин, забони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, номгузорӣ ва ғайра ба забони давлатӣ таъмин гардидааст ва кор дар ин самт ҳамеша дар маркази диққати давлату Ҳукумат қарор дорад.

    Бори аввал Қонун дар бораи забони тоҷикӣ 22 июли соли 1989 қабул карда шуд. Аммо 5 октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забони тоҷикӣ ба тасвиб расид ва ҳар сол 5-уми октябр рӯзи «Иди забон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

    Забон, миллат ва давлат ҷузъҳои ҷудоинопазири якдигар ба ҳисоб рафта, устувории давлат, бақои умри миллат ва ҳувияти ягонаи миллӣ ба василаи забон таъмин мегардад.

    Ҳастии забон гарави ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмиву адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад.