Шанбегӣ дар суд

Posted by

Санаи 30.09.2023 сол бо дастури раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. баҳри иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ободу зебо нигоҳ доштани бино ва барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистон дар суд шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ сараввал парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар болои бинои суд иваз карда шуда, сипас кормандон ба таври дастаҷамъона атрофи бино, боми бино ва ҷуйбори обгузарро аз баргу хазон тоза карда, шохаҳои хушкшудаи дарахтонро қайчи карданд.

Ҳамчунин корҳои тозагӣ дар утоқҳои корӣ гузаронида шуд.