Санаи 6 сентябри соли 2023 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлол давлатӣ – кафолати саодату хушбахтӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш Раис, муовинони Раис, муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Сараввал Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Р.П. маҷлисро оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати ин ҷашни таърихии миллати тоҷик муборакбод намуданд.
Таъкид доштанд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 32 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ва фаромӯшнашаванда маҳсуб меёбад.
Дар кори ҳамоиш муовини якуми Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон баромад намуда, доир ба ҷанбаҳои гуногуни дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар идомаи маҷлис маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ки бо Фармони Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи 32 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судяҳо ва кормандони суд сарфароз гардида шуд, баргузор гардид.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Суҳроб ва Наимзода Бахтиёр бо медали “Хизмати шоиста” ва Муовини сардори раёсати ташкили кори судҳо, ҷамъбасти амалиёи судӣ ва баррасии муроҷиатҳо Самадзода Бахтиёр бо “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд. Дар маросими мукофотсупорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду нафар, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Файзали ва раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуллозода Зебонисо бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, бо Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ аз ҷумла ба Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Т.Ш. ва Ҳасанзода Ҷ.Х., Сардори Шуъбаи коргузори ва назорати Суди иқтисодии вилояти Суғд Сайдуллои П.Ҳ. ва котиби Суди иқтисодии вилояти Суғд Розиқов Б.Б. барои гузоштани саҳми арзанда дар бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими қонуният ва иштироки фаъолона дар корҳои ташкилию сиёсӣ, чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ, мусоидат намудан баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо мукофоти соҳавӣ – Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.