Мулоқот бо сокинони маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд

Posted by

Санаи 30 августи соли 2023 ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х., Эмомализода Н.Э., муовини сардори Раёсат Солеҳзода Н., кормандони Раёсат, ҳуқуқшиноси давлатии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» Аҳмадзода Ш., иҷрочии калони Хадамоти иҷро дар шаҳри Хуҷанд Тошпӯлотов Ш., нозири минтақавии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Санаварзода Х. бо ҷалби зиёда аз 60 нафар сокинон ва муаллимони маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 мулоқот доир гардид.  Ба ҳозирин оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, маълумот дода шуд.

Зимни мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзӯҳои коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаҳои оила ва оиладорӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷавобҳои мушаххас дода шуд.