Мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров

Posted by

Санаи 28 августи соли 2023,  судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд Ҳасанзода Ҷ.Х., Эмомализода Н.Э., муовини сардори Раёсади адлияи вилояти Суғд Солеҳзода Н. ва дигар кормандони Раёсат бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки аз 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Зимни мулоқот зикр гардид, ки Паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, саёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ буда, ҳар як нуқтаи он барои некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Дар идомаи мулоқот ба ҳозирин доир ба мавзуҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстрамистию террористӣ, дӯст доштани Модар-Ватан, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, коҳиш додани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти истифодаи самараноки замин, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии “Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ саволҳо пешниҳод намуданд ва аз ҷониби кормандон ҷавобҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дода шуд.