Мақоми зан  дар ҷомеа – Нозир референти Суди иқтисодии вилояти Суғд Сангов Шаҳриёр

Posted by

Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро покиву зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои

машаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошад. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа афзалиятнокии стесати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба ҳамин хотир  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро содир кард.

Зимни ин фармон барномаҳои давлатӣ таҳия гардида, пайи амал қарор гирифтаанд. ҳадаф аз татбиқи барномаҳо натанҳо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, балки дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанӣ назаррастар кардани фаъолияти занон мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳуриамон фаъолияти занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ бештар буда, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.

Бузурге фармудааст:

Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ  дошта бошанд. Пас суоле матраҳ мешавад, ки кадом гурӯҳи занон дар ҷомеа пешоҳангиро уҳда карда метавонанд? Маҳз ҳамон заноне дар ҷомеа фаъол буда метавонанд, ки соҳибмаърифатанд.

Оё зани муосир соҳибмаърифат аст? Суоле ҳаст, ки доимо бояд дар мадди назар бошад. Баъзан ҳолатҳое ҷой доранд, ки ба масъалаи омӯзиши занон, соҳибкасб гардидани онҳо кам аҳамият дода мешавад. Ин гуна рафтор ба талаботи замон мувофиқ нест. Вақти он аст, ки аз суханпардозӣ ва ҳисоботпуркуниҳо даст кашида, ба кори амалӣ гузарем. Тарбияти занони бомаърифатро дар оила, дар мактаб ва ҷомеа мақсаднок ташкил намоем. Манзур аз ин иддаоҳо тарбияи духтарон дар мактаб ва оила бошад. Ин ду ниҳод метавонанд дар алоқамандӣ тарбияи фарҳанги оиладорӣ, касбомӯзӣ ва соҳибилм шудани духтаронро, ки занону модарони ояндаи моянд, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Имрӯзҳо бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон- сарвари дурандешу ғамхори миллати тоҷик дар  самти баргузории барномаҳои давлатӣ, оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа барои занони тоҷик дастгирии беандоза аст. Қайд намудан бамаврид аст, ки зан дар оила соҳиби мақому мавқеи намоён дорад.

Чуноне ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд: «Ободии давлат аз ободии ҳар хонадон ва ҳар оила сарчашма мегирад ва иқтисоди муназзами кишвар ба сарфаю сариштакории буҷети ҳар як оила вобаста аст. Дар шароити ҷаҳонишавии буҳрони молиявӣ Қонуни миллӣ тавонист манфиати мардуми кишварро то андозае ҳимоя намуда, ба баланд гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ мусоидат намояд.Шаҳрвандон имкон пайдо намуданд, ки шароити зисти худро беҳтар карда, соҳиби манзилҳои истиқоматии ободу зебо гарданд. Илова бар ин, шароити мусоид муҳайё шуд, ки аксари шаҳрвандон ба такомули шахсии фарзандон, бахусус таълиму тарбияи онҳо диққати бештар диҳанд».

Хулоса зани тоҷик бо иффату зебоӣ, виқору ор, фурутаниву маърифатнокӣ зиндагии аҳли ҷоммеаро таравоту покизагӣ мебахшад. Ин аст,  ки аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Зеро зан олиҳаест, ки дар садафи ӯ қиматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфта, то ҷаҳонро равшан гардонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *