Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Суғд

Posted by

Санаи 14 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди вилояти Суғд бобати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП-1729 ва Нақшаи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо, оид ба фаъолияти нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Суғд, намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси суд сараввал доир ба фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти мухтасар манзур намуд. Аз ҷумла, иттиллоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар суди иқтисодӣ 336 парванда ба маблағи 29 292 424,09 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд (нимсолаи аввали соли 2022 – 387 парванда ба маблағи 90 729 670 сомонӣ, фарқияти камшавӣ 51 ададро ташкил медиҳад). Дар 153 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида, аризаҳои даъвогӣ ба маблағи 26 058 757,11 сомонӣ қонеъ гардонида шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки аз 336 парвандаҳои баррасӣ шуда 30 ададаш аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба рӯёнидани 18 925 775,01 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод шудааст, ки дар 12 ҳолат даъво пурра ва дар 13 ҳолати дигар даъво қисман ба маблағи 16 180 011,13 сомонӣ қонеъ, дар 3 ҳолат баррасии парванда бинобар пардохт гардидани маблағи қарз ва даст кашидан аз талаби даъво қать карда шуда, дар 2 ҳолат ариза рад карда шудааст.

Давоми нимсолаи якуми соли 2023, 40 парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гардида, аризаҳо дар 24 ҳолат пурра, 2 ҳолати дигар қисман қонеъ, дар 4 маврид аризаҳо  бинобар тасдиқи худро наёфтан рад, 6 ҳолат бинобар ҳозир нагардидани аризадиҳанда бебаррасӣ ва дар 4 маврид ариза бинобар даст кашидан аз талаби даъво қатъ карда шудааст.

Дар ин давом теъдоди 20 парванда бо даъвои бонкҳо ба маблағи 2 768 002 сомонӣ баррасӣ шудаанд. Аз натиҷаи баррасӣ дар 13 ҳолат даъвоҳои бонкҳо пурра, дар 5 ҳолат қисман ва дар 2 ҳолат рад шуда, даъвоҳои ташкилотҳои қарзӣ дар 2 маврид пурра қонеъ ва 2 ҳолат бебаррасӣ мононда шудааст.

Вобаста ба баҳсҳои замин дар нимсолаи якуми соли 2023, 43 парванда баррасӣ гардидааст.

Дар ин давра дар суди иқтисодӣ зимни пешниҳоди даъво 415 680 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шудааст. Маблағи боҷи давлатии бо ҳалномаҳои судӣ рӯёнидашуда 355 715,83 сомониро ташкил медиҳад.

Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар асоси нишондиҳандаҳои омории Суди иқтисодии вилояти Суғд, маълумотҳои иҷрочиёни Хадамоти иҷро ва мақомоти дигар давоми нимсолаи якуми соли 2023 маблағи боҷи давлатии аз рӯи ҳалномаҳои судӣ воқеан иҷрошуда ба 385 876,75 сомонӣ баробар шуда, фарқият назар ба нимсолаи аввали соли гузашта, ки ин нишондиҳанда 64 163,26 сомонӣ буд, ба маблағи 321 713,49 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.

Давоми нимсолаи якуми соли 2023 маблағи зарари ба манфиати давлат воқеъан иҷрошуда 91 012 575,53 сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда аз зарари давоми нимсолаи  якуми соли 2022 рӯёнидашуда ( 27 840 746 сомонӣ ) ба андозаи 63 171 829,53 сомонӣ фарқияти зиёдшавӣ дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 336 парвандҳои баррасишуда 69 ададаш дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардиданд, давоми нимсолаи аввали соли 2022 маҷлисҳои сайёр 44 адад буда, фарқияти зиёдшавӣ 23 ададро ташкил додааст.  

Дар рӯзномаҳои мухталифи марказӣ ва вилоятӣ 15 адад, инчунин дар сомонаи интернетии Суди иқтисодии вилояти Суғд 13 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ, маводҳои ҷамъбастӣ, иттилоот ва ғайра ба чоп расонида шуданд. 

Гузашта аз ин давоми нимсолаи якуми соли 2023 дар суди иқтисодӣ қабули доимии шаҳрвандон, ки бо арзу шикоятҳо муроҷиат мекунанд, аз ҷумла аз ҷониби роҳбарияти суд дар рӯзҳои шанбе дуруст ба роҳ монда шудааст. Тибқи Дафтари қабули шаҳрвандон дар давраи ҳисоботӣ дар рӯзҳои қабул муроҷиати 101 нафар ҳаллу фасл карда шудааст.

Сипас намояндагони васоити ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳабрияти Суди иқтисодии вилоят посухҳои мушаххас дода шуд.