Пешрафти устувори иқтисодӣ – омили таъмини зиндагии шоиста – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб

Posted by

Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамасола масъалаҳои муҳимми ҳаёти хоҷагии халқи мамлакатро фаро гирифта, ҳамчун дастур барои масъулини соҳаҳои марбута хизмат менамоянд. Вобаста ба ин қайд намудан зарур аст, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 23 декабри соли 2022 пешниҳод гардид, барои тамоми аҳли ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рӯзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба таври дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳаммият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.

Дар ин замина, вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аз ҷумла сохторҳои Суди Олии иқтисодии кишвар, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Пешвои миллатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро ҷой кунем, ки аз паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоянд.

Дар Паёми навбатӣ масъалаҳои вобаста ба иқтисодиёт аз оғоз то анҷоми он нақши марказӣ доштанд, ки ин бесабаб набуд. Зеро дар айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро таҳти таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои аҳли башар пешгӯинашаванда мебошанд.

Паём аз ҳар ҷиҳат руҳбаландкунанда буд, зеро он дар айёме пешниҳод гардид, ки ҷаҳонро давраи буҳронӣ фаро гирифтааст, вале бо ин вуҷуд мамлакати мо бо амалӣ гардонидани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чанд проблемаи мубрамро ба осонӣ пушти сар намуд.

Дар Паёми Пешвои миллат соли 2022 соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Оқилонаву мақсаднок будани ин раванд сабаби он гардидааст, ки давоми панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Тадбирандешиҳои саривақтӣ имкон доданд, ки на танҳо вазъи иқтисодӣ дар ҳолати мутавозун нигоҳ дошта шавад, балки пешравиҳои иқтисодӣ низ таъмин гарданд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.

Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд.

Сарвари давлат на танҳо дар доираи Паёми навбатӣ, балки дар ҳама суханрониҳояшон як ҳадафи асосӣ доранд, ки он баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқи ҷумҳурӣ мебошад.

Аз ҷумла, таҳлилҳое, ки дар ин Паём садо доданд, гувоҳи онанд, ки ислоҳоту амалӣ гардонидани нақшаҳои стратегӣ натиҷаҳои хуб дода истодаанд. Гуфта шуд, ки: «Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид».

Афзудани даромаднокии аҳолӣ омили барҳам задани камбизоатӣ дар мамлакат мебошад. Агар мо нишондиҳандаву рақамҳоро бо замони соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ хеле калон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000-ум ислоҳоти густурдаи иқтисодиро пеш бурда истодааст. Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату ҳукумат боз ҳам амиқтар мусоидат намуда истодааст. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ торафт коҳиш дода мешавад ва тавре дар Паёми навбатӣ зикр гардид, «…дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд».

Дар Паём таҳлилҳо оид ба масъалаҳои иқтисодӣ мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо хеле хуб нишон дода шуданд. Аз ҷумла, яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъсиси ҷойҳои кории нав арзёбӣ гардид. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ташкил карда шуданд. Ин ҷиҳат тавонист муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Дар Паёми зикршуда таъкид гардид, ки: ”…соли 2022 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар мамлакат мусоидат намуд”.

Ҷиҳати дигари натиҷабахшии ин раванд, яъне самти назарраси чунин ислоҳоти самаранок, дуруст ба роҳ мондани низоми молиявию бонкӣ маҳсуб меёбад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардид, ки муфлисшавии низоми бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ боис шуд, ки сатҳи камбизоатӣ новобаста ба буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад. Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат дур намонданд. Яъне: «Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд», – гуфта шуд дар ин Паём.

Қайл гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Ҳадафи чоруми стратегии давлат муваффақона амалӣ мегардад. Дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар шаҳрванди кишвари мо нақш дошта метавонад. Чунин мазмун аз оғоз то анҷоми Паёми Пешвои миллатро ба Маҷлиси Олӣ фаро гирифтааст.

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар тамоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳадафҳои созандаи халқи тоҷик аз Паём то Паём тавассути роҳнамоиҳои хирадмандонаи Сарвари давлатамон гузошта мешуданду мардуми меҳнаткаши мо бо руҳбаландии ватандӯстона аз пайи иҷрои онҳо мегардид. Дар ин радиф, Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат аз оғоз то имрӯз роҳнамои созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи ин миллати соҳибтамаддун ва кишвари куҳанбунёд гардидаанд. Ва ҳар сол дар ҳар Паём тозагӣ ва ҳадафмандии қавитару вазифаҳои тақдирсози нав ба наву баландтар гузошта мешуданд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи ободонӣ ва сатҳи ба куллӣ дигари зиндагӣ расониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *