Барномаи стратегии миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб

Posted by

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат барои тамоми аҳли ҷомеа, аниқтараш барои ҳар як шаҳрванди солимфикри кишвар дастури муҳиммест, ки аз бандҳои алоҳидаи он метавон давоми як соли пурра самтҳои фаъолияти корӣ ва ҳам рӯзгори худро муайяну мушаххас сохт. Ба таври дигар, агар дурусттар ба моҳият ва мантиқи Паёми Пешвои миллат аҳаммият диҳем, дар он роҳи ҳалли тамоми мушкилоти на фақат ҷамъият, балки ҳар фард дар алоҳидагӣ нишон дода шудааст.

Дар ин замина, вазифаи мақомоти давлатӣ, бахусус ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки на фақат бандҳои Паёми Пешвои миллатро бояд шарҳу тавзеҳ диҳем, балки дар мафкураи ҳар сокин ин фаҳмишро ҷой кунем, ки аз Паём вазифаи солонаи худро дарёфт ва онро ҳамчун масъулияти шаҳрвандӣ амалӣ намоянд.

Дар Паёми навбатӣ вазъи кунунии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян гардиданд.

Он вазифаҳое, ки дар ин Паём доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлати оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат равона гардидаанд.

Дар Паёми навбатӣ асосан муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ нақши калидӣ доштанд, ки ин бесабаб нест. Зеро дар айни ҳол буҳрони сиёсию иқтисодӣ минтақа ва ҷаҳонро зери таъсири манфии худ қарор дода, ояндаи он пешгӯинашаванда боқӣ мемонад. Новобаста ба ин пайомадҳо ва таъсири буҳрони иқтисодии баамаломада таъкид гардид, ки нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат таъмин шуда, дар маҷмӯъ соли 2022 барои давлату миллат соли бобарору таърихӣ буд.

Дар заминаи мавҷуд будани имконият ва иқтидорҳои истифоданашуда рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд. Самаранок ва оқилона истифода бурдани ин захираҳо боиси он гардидааст, ки дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Тадбирҳои андешида имконият фароҳам оварданд, ки на танҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорем, балки аксари нишондиҳандаҳоро зиёд таъмин намоем. Ин тадбирҳои ҳукумат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд, ки: “Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”.

Президенти мамлакат на танҳо дар доираи Паёми навбатӣ, балки дар ҳама вохӯриву суханрониҳояшон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид месозанд, ки вазифаи асосии иҷтимоии давлат баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид, музди миёнаи меҳнат дар кишвар 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 ба 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд”.

Агар мо ин нишондодҳоро бо нишондиҳандаҳои омории солҳои соҳибистиқлолӣ қиёс намоем, фарқ аз замин то осмон аст. Тоҷикистон баъд аз солҳои 2000-ум ислоҳоти пурраи иқтисодиро пеш мебарад. Барои ҳар фарди равшанфикр возеҳ аст, ки давра ба давра нишондиҳандаҳои иқтисодӣ торафт беҳтар мешаванд. Ба ин раванд ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумат – саноатикунонии босуръати мамлакат боз ҳам амиқтар мусоидат менамояд.

Таҳлили масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо дар доираи далелу рақамҳо бисёр хуб нишон дода шуданд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад.

Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба миён омаданд. Ин раванд имконият фароҳам овард, ки сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ низ коҳиш ёбад.

Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид гардид, “дар соли 2022 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар мамлакат мусоидат намуд”.

Бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакат тадриҷан амалӣ гашта, бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба он, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта зарурати боз ҳам беҳтар фаъолият намудани соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба миён омадааст.

Бояд таъкид дошт, ки барои ноил шудан ба афзалияти муайяншуда на танҳо вусъат бахшидани суръати рушд, балки ба сифати рушд аҳаммияти махсус додан зарур аст.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳм гузоранд.

Ҳар як Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар бар гирифта, боиси сол то сол беҳтар шудани некуаҳволии сокинони ҷумҳурӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ мегардад.

Воқеан, таҳлилу баррасии ин ва дигар масъалаҳои зарурӣ дар Паёми навбатии Роҳбари давлат, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар ин Паём дода шуданд, умед аст, ки бо амалӣ шуданашон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои азим ба вуқӯъ меоянд. Аз ин лиҳоз, омили мазкур ҳар як шахси худогоҳу худшиноси мамлакатро водор месозад, ки барои амалисозии ҳадафҳои дар Паёми Пешвои миллат гузошташуда дучанд фаъолият намуда, бо дарки амиқи қарзи шаҳрвандии худ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёдамон саҳмгузор бошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *