Сулҳи деринтизори мо омад… – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Давлатзода Толиб

Posted by

Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақти дигар ба ҳифзу таҳким ниёз дорад, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад.

Ваҳдату ягонагии тоҷикон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди мо неъмати волост.

Воқеан ҳам, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 ба имзо расид, давлати ҷавон ва тозаистиқлолро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ваҳдат барои мо аз он ҷиҳат боарзиш аст, ки ин падида ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва садди роҳи таназзули давлати ҷавони миллиамон шуд. Ин созишномаи таърихӣ замоне имзо шуд, ки дар кишвар ҷанги бародаркуш идома дошт ва худ рӯйи амал омадани созишномае, ки заминаи таъминкунандаи сулҳ аст, на ба ҳар ҷониб манфиатовар буд. Махсусан, ба ҷонибҳое, ки чунин нобасомониҳоро асос гузошта, аз онҳо манфиат меҷустанд. Маҳз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳадафҳои умумимиллӣ бар ҳадафҳои ҷудогона пирӯз шуданд.

Ваҳдати миллӣ дар рӯзҳои аввали натиҷа бахшидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ моҳияти худро касб кард ва собит намуд, ки мардуми тоҷик зотан сулҳофару сулҳҷӯянд.

Имрӯз бошад, агар тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад. Тавре дар боло ишора шуд, сулҳу субот пойдевори ҳастии ҳар миллат аст, агар он мустаҳкам бошад, он миллат низ пеш меравад. Бубинед, солҳои ҷанг вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ба буҳрон дучор омад. Яъне, давлат ба ғайр аз буҳрони сиёсӣ, оғӯштаи буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавӣ низ гашта буд.

Хушбахтона, дар баробари таъмин шудани сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам тадриҷан ба гардиш даромад. Ҳазорҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд, мардуми бекор бо ҷойи кор таъмин шуданд ва бадин васила, сатҳи зиндагии мардум низ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Хулоса, ваҳдати миллӣ дар маҳаки давлатдории навини тоҷикон меистад, зеро он ибтидои давлатдории навини мост. Маҳз ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин гардид, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд шинохта шуд. Тоҷикон баъди ҳазор сол бори дигар собит карданд, ки чун миллати асилу тамаддунпарвар соҳибдавлату соҳибмиллатанд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки ваҳдати миллӣ на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои ҷаҳониён мактаби эътимодбахшу тақдирсоз аст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳи осоишта, яъне тариқи музокира ҳаллу фасли низоъро ба хубӣ нишон дод. Омӯзиши ин мактаби бузург барои пойдории сулҳу оромӣ хеле муҳим аст.

Имрӯз кишварҳои зиёде ҳастанд, ки гирифтори ҷангу низоъҳои дохилианд. Бо вуҷуди музокироту гуфтушунидҳо ва талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барқарор кардани сулҳ дар ин гуна сарзаминҳо мушкил аст. Аз ин рӯ, кам нестанд кишварҳое, ки мардумонашон солҳо дар орзуи сулҳу оромианд. Мо худ чунин рӯзгорро ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта пушти сар гузоштем, аз ин ҷост, ки медонем сулҳу оромӣ чӣ арзиши волое дорад ва ба қадри ваҳдат ба хубӣ мерасем.

Сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун таҷрибаи камназир барои барқарор кардани оромӣ дар бисёр давлатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин мактаби бузург боиси ибрати ҷаҳониён гаштааст.

Албатта, ваҳдат, пеш аз ҳама, худ аз сиёсати созандаву сулҳҷӯёна дарак медиҳад. Мо медонем, ки пас аз барқарор шудани сулҳ, давлат ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ афзалияти бештар дод. Натиҷаи амалишавии сиёсати иҷтимоии кишвар, яъне беҳбудии зиндагии мардум буд, ки дар қалби сокинон меҳри ваҳдату ягонагӣ фурӯзонтар гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвари тинҷу осуда ва сулҳофар, на ҷангзада, бо давлатҳои дунё дӯстӣ барқарор кунаду ҳамкорӣ намояд.

Ваҳдат барои мо раванди дигаргунсозиҳои зиёдро пеш овард. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо фарҳанги сулҳ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро қадр ва ҳифз менамоем, зеро сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои ҷомеаи мо дастоварди бузурги таърихӣ ва зиёда аз ин, заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ мебошад».

Ҷоиз ба зикри хос аст, ки заминаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ аз оромии ҷомеа сарчашма мегиранд. Яъне, агар давлат тинҷу осуда бошад, дар ҳама самт рушду пешравӣ ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин бори дигар бояд таъкид намуд, ки асоси пешрафти тамоми ҷамъиятҳо сулҳу оромист. Ва хушбахтона, мо онро дорем! Аз ин ҷост, ки кишварамон ба таври назаррас пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳо ба туфайли сулҳу ваҳдат ба даст омадаанд. Ва акнун барои ҳифзи ин дастоварди бузург ҳар як сокини ин меҳан масъул аст.

Дар қатори дигар соҳаҳо, ҳокимияти судӣ низ дар мамлакат тайи ин солҳо рушду пешрафт намуд. Ин мақомоти муҳим, ки аз зумраи таъминкунандагони адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа маҳсуб мешавад, бидуни он рушду инкишофи институтҳои демократӣ ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки шиори ҳар яки мо, хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти судии кишвар, пеш аз ҳама рушди босуботи ҷомеа ва ваҳдати миллист.

Дар охир, матлаби хешро месазад, ки бо суханони арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоем, ки бозгӯи ҳақиқати ҳол ва барои ҳамешагӣ рӯзмарра мебошанд: «Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ман ин суханонро ҳамеша бо ифтихор аз мардуми қаҳрамони тоҷик ба забон меоварам. Вале дар айни замон мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Имрӯз мардуми мо хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад».

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *