Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон — Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.
Чун ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегардад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми содиқонаи сокинони ватандӯсту меҳнатқарини шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат ва пешрафту ободии кишвари азизамон, таъкид намуданд.
Зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои ободонию созандагӣ, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат изҳори бовар карданд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд дар оянда низ барои пешрафту ободонии мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон — 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, сокинони ватандӯсту заҳматкаши вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ — ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ — варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд.