Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат – судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд Эмомализода Навруз

Posted by

“Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат на танҳо рафтору гуфтор ва пиндори нек, балки покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу заминро талқин мекунад” – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дарвоқеъ Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо суннатҳои неки гузаштагони ориёии моро дар саҳифаҳои худ маҳфуз дошта, бо вуҷуди тохтутозу истилои аҷнабиён ва ҳангомаҳои мазҳабу минбар, аз насл ба насл то замони мо расидааст. Аз ин рӯ, анъана ва суннатҳои неки Наврӯз – ҳамчун беҳтарин намунаи тамаддуни мардуми ориёинажод – аз ҷониби халқҳои гуногуни Шарқ ва айни замон тамоми Сайёра пазируфта шудааст.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарини бостонии мардуми тоҷик аст, ки гузаштагони мо тули асрҳо онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд ва то ҳол қадру манзалати худро нигоҳ дошта ба сатҳи байналмиллалӣ расидааст. Илова ба он ки Наврӯз ҷашни оғози сол, бедории табиат ва оғози кишту кор ба шумор меравад, инчунин ҷашнест, ки дар ҷараёни он як қатор суннату оинҳои давлатдорӣ расм гардидааст. Ин ҷашн дар ҳақиқат рӯҳи солим дорад ва дар оини мардуми мо сароғози зиндагии нав ва амалӣ шудани ормонҳо ба шумор меравад.

Тавре дар яке аз баромадҳояшон Пешвои миллат таъкид намудаанд, “Наврӯз мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият аст. Тароват ва зебоиҳои Наврӯз басо ҷаззобу муассиранд”.

Наврӯз фалсафаи соддаю мураттаби худро дорад. Пеш аз ҳама тибқи фаҳмиши зардуштиён ҳар як ориёӣ барои пешвоз гирифтани Наврӯз тайёрии ҷиддӣ дида, ба соли нав  пок, тоза аз ҳама гуна бадӣ, ҷиноят, зулм ва ғайра пой мегузошт. Махсусан, тоза кардани хонаҳо, ҳавлӣ, пухтани таомҳои хос, либоси нав роиҷ буд. Субҳи содиқ ба чашма рафта дар он ба якдигар об мепошиданд, ки маънои сафедӣ, покӣ, файз, пок шудан аз гуноҳҳоро дошт. 

Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ, ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд.

Мо бояд шукргузори аз истиқлолият ва давлатдории миллӣ намоем, ки аз баракати онҳо дар кишвари мо баргузории ҷашни Наврӯз ва эҳёи суннатҳои он ҳусн ва рушди тоза гирифта, ба иди умумимиллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт. Яъне, Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Фазилати Наврӯз – ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат – аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.

Ин буд ки имрӯз Наврӯз ба қатори дастовардҳои Бузурги ғайримоддии халқҳои ҷаҳон дохил гардида, дар сессияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ  соли 2010 оид ба “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” – 21 март қарор (резолютсия)  қабул шуда, барои ташаккулу рушди Наврӯз омӯзиши амиқи суннатҳои ба он алоқаманд таъкид карда шуд. Пас аз ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти он – ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карданд ва он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуда буд.

Пешвои миллат саривақтӣ иброз доштаанд, ки “Эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита, таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошанд”.

Гузашта аз ин, Сарвари давлат дар Паёмашон аз 26 январи соли 2021 махсус бо ифтихор иброз доштанд, ки дар тамоми кишварҳои олам бо забони ноби тоҷикӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз мардум ба якдигар “Наврӯз муборак” мегӯянд ва ин калимаҳо тарҷума надоранд.

Дарвоқеъ айниҳол ҷашни Наврӯз байналмилалӣ гаштааст ва ин воқеан ҳам ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикистониён аст, зеро мардуми олам бо урфу одат, анъана ва тамаддуни халқи тоҷику ориёиён ошно гашта, бо забони тоҷикӣ “Наврӯз муборак” мегӯянд ва забони мо низ дар дунё номвар мегардад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, халқи азизи кишварро ба ин ҷашни аҷдодӣ муборакбод намуда, ба ҳамватанони азиз тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгору осуда таманно дорам. Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *