Нишоне аз давлатдории миллӣ

Posted by

Дар ҳама гуна давлату давлатдориҳои ҷаҳон парчам яке аз рамзҳои асосӣ маҳсуб меёбад.

Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳои давлатии ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо маҳсуб меёбанд. Рамзҳои давлатӣ ифтихор ва эҳтироми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар моддаи сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошанд». Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд мазмуну моҳияти рамзҳои давлатии худро донад. Рамзҳои давлатӣ ифодагари Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони муттаҳидии мардуми он, дӯстиву бародарии намояндагони тамоми қавму халқҳои дар ҳудуди кишвар сукунатдошта мебошанд.

Ҳар як кишвар бо мақсади худро шиносонидан ба оламиён рамз ва парчами худро дорад. Дар ин замина яке аз аввалин нишонаҳои кишвардории тоҷикон низ аз он иборат аст, ки дар давраҳои қадим онҳо соҳиби парчаме бо номи Дирафши Ковиёнӣ буданд, ки онро Ахтари Ковиён ҳам меномиданд. Вожаҳои ахтар ва дирафш дар асрҳои пешин чун нишон ва парчам ба кор бурда мешуданд. Дар фарҳангҳои форсӣ ахтарро ситора меномиданд, ки ин нишонаи иқбол ва бахту толеъ ба ҳисоб мерафт. Дирафш аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва тобидан сохта шуда, маънои парчам, алам ва аломату байрақ омадааст.

Аз рӯи ёдгориҳои таърихӣ ва адабӣ, Коваи оҳангар пешдомани худро байрақ карда, ба мубориза бархостааст, ки онро Дирафши Ковиён мегӯянд. Дар замонҳои қадим дар ҷангҳои байни империяҳои Юнону Форс, ки асри V-и пеш аз мелод ба вуқӯъ омадаанд, ҳамчунин дар ҷангҳои Хилофати араб, муборизаи суғдиён бар зидди истилогарони араб, амалиётҳои ҳарбии Сомониёну Ғуриён, Ғазнавиҳо, Муғулҳо, Темуриён, Манғитиён ҳар лашкар байрақи алоҳидаи худро дошт.

Ҳамин тавр, дар асрҳои минбаъда ҳар давлату ташкилот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба, ҷамъият, қисмҳои ҳарбӣ ва корхонаҳо соҳиби байрақҳои худ буданд. Ҳамин тариқ, байрақ аз замонҳои хеле қадим ҳамчун рамз аз тарафи давлатҳо нигаҳдорӣ мешуд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда, анъанаи таърихию фарҳангии чандинсолаи тоҷиконро инъикос мекунад. Он аз матои росткунҷаи се рахи рангдор – сурху сафед ва сабз иборат аст.

Ранги сурх – мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳану сарзамин.

Ранги сафед – рӯҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ.

Ранги сабз – сарсабзии зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошад.

Тоҷ дар Парчам рамзи истиқлолияту озодии кишвар ва ҳафт ситора рамзи ҳафт гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон – Суғду Зарафшон, Ҳисору Рашт, Вахшу Хатлон ва Бадахшон мебошанд.

Агар ба таърихи парчами солҳои пешин назар афканем, то пазириши парчами кунунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 маротиба (солҳои 1929, 1931, 1935, 1940, 1946, 1953 ва 1991) шакли он иваз карда шудааст.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки барафрохтани Парчами давлатӣ дар болои биноҳое, ки иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони халқҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳия гузаронида мешаванд, дар тамоми давраи гузаштани иҷлосия; дар болои биноҳои Маҷлиси Олӣ, қасри Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳа доимӣ; дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои таърихие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, дар болои биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои нақлиётӣ ва ғайра.

Дар мавридҳои муносиб бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар биноҳои райъдиҳӣ рӯзҳои интихобот ва райъпурсӣ; дар қисмҳои ҳарбӣ тибқи оинномаи артиш; дар постгоҳҳои марзӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон; тибқи амри ҳукумат ҳангоми гузаронидани ҷамъомаду ҷаншҳо иҷозат дода мешавад.

Мутобиқи Низомнома иҷозат дода шудааст, ки тасвири парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёбад.

Парчами давлатӣ метавонад дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он бо мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид ба Парчами давлатии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад. Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин пешбинӣ менамояд, ки ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатӣ роҳ медиҳанд, чун гунаҳкор мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Парчами давлатии Тоҷикистонро дар мавриди бо қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани мотам ба шакли мотамӣ дароварда афрохтан мумкин аст. Яъне, дар ин маврид ба чӯбдасти парчам матои тасмашакли сиёҳ баста, ду нӯги он матоъ бояд ба қисмати поёнии парчам овезон бошад. Зарур аст, ки дар рӯзҳои мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаст поин фароварда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992, дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баъди интихоб шуданашон ба мақоми Раиси Шӯрои Олии кишвар Парчами давлатиро бӯсида, эҳтиромашонро нисбати ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон баён карда буданд. Ҳамин эҳтирому посдории Сардори давлат нисбати Парчам буд, ки бо ташаббуси ӯ Рӯзи Парчами давлатӣ иди бошукӯҳ эълон гардид.

Дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона донистани таъриху аҳамияти Парчами давлатӣ барои ҳар фарди соҳибхиради кишвар зарур аст ва маҳз бо ҳамин мақсад Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамасола қайд карда мешавад.

Давлатзода Толиб Шариф,

судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *