Бахтномаи миллат

Posted by

       

         Масири вазифаҳои асосӣ ва муҳими шаҳрванд

       Дар аввал бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми вазифаҳои шаҳрвандонро номбар намекунад, танҳо вазифаҳои асосӣ ва муҳимро пешбинӣ менамояд. Дар ҷамъият шахс вобаста ба ҳар як соҳаи ҳаёт вазифаҳои зиёде дорад. Дигар вазифаҳои шахс дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мешаванд.

      Вазифаи асосии инсон- ҳифзи Ватан,т ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ,ҳудуди ҷуғрофӣ, сарватҳои табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии аҷдодӣ ва мероси таърихиро дар назар дорад. Сарчашмаи ҳуқуқии давлати мо ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ифодаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

«Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушди такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меоварад».

Мавриди зикр аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими амният, оромиву осудагии кишвар ба ҳисоб меравад. Амнияти давлат, амнияти ҷомеа ва амнияти шахс бо ҳам алоқаманданд ва якдигарро такмил медиҳанд. Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дигар вазифаи муҳими шахс мебошад, ки дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудаанд.

      Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шудааст. Конститутсия барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд замина гузошт. Ташаббуси қонунгузорӣ ба маърифати баланди ҳуқуқӣ ва фаъолнокии сиёсӣ вобастагӣ дошта, такмил додани муқаррароти конститутсионӣ ҷанбаи илмиву мантиқӣ, аз нигоҳи зарурат ва моҳият саривақтиву ҳадафмандонаро дар бар мегирад.Аз дигар тараф волоияти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлат маҳсуб мешавад. Дар ин радиф Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, ҳамчун марҳалаи нав ва муҳим дар заминаи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон ва муайян намудани самтҳои асосии он, ки аз ҷониби Сарвари давлат сурат гирифт, эътироф шудааст. Ҳамаи ин кӯшишҳои Сардори давлатамон баёнгари зарурати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, ки асоси онро як силсила омилҳои аёнию зеҳнӣ ташкил медоданд.

Таърих гувоҳ аст: қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин падидаи тамаддунии миллатро ба сифати «воқеаи бузург» маънидод намуда, ёдрас шудаанд, ки «халқи тоҷик дар таърихи  беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда,Президенти ҷумҳуриро интихоб намуд. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург  ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».

Дар кишварамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо барномаи гуногуни рушди иқтисодиёти Тоҷикистон то солҳои минбаъда аз қабили боғпарварӣ, картошкапарварӣ, ангурпарварӣ, занбӯри асалпарварӣ, паррандапарварӣ, қӯтоспарварӣ қабул карда шудааст, ки ҳар яки ин нақшаҳо натиҷаҳои дилхоҳ дода,нисбат ба соли ҳазору нӯҳсаду наваду як истеҳсоли ҳамаи намудҳои дар боло зикргардида аз се то шаш маротибагӣ зиёд карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари моҳият ва мазмуни ҷомеаи демократӣ, мавҷудияти низоми демократии  сиёсиву иҷтимоӣ дар сарзамини биҳиштосо ва шукуфони мо – Тоҷикистон мебошад, мо Конститутсияи даврони соҳибихтиёрии худро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром карда, муқаррароти онро бечунучаро бояд риоя намоем.

иҷрокунандаи вазифаи Раиси

Суди иқтисодии вилояти Суғд                                              Исмоилзода Р.А.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *