«Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳаллу фасли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист. Бояд гуфт, ки санади мазкур нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзилро эътироф ва татбиқ кардааст».
Ин суханони ҳакимона ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дахл дошта, дар бораи мавқеъ ва ҷойгоҳи таърихии Куруши Кабир, ки фотеҳу шоҳаншоҳи гузаштаи тоҷикон маҳсуб меёбад, зикр карда шудаанд. Воқеан, аз ҷумлаи сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши Конститутсияҳо – ин Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир мебошад, ки он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби шоҳ Куруш – асосгузори давлати Ҳахоманишиён қабул гардидааст. Эъломияи Куруш яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён мебошад, ки дар он ҳуқуқ ба озодии эътиқод, озодии ҳаракат, интихоби манзил, ҳуқуқ ба моликият ва ғайра ба таври возеҳ дарҷ карда шудаанд. Боиси ифтихори мо, тоҷикон аст, ки меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрўз моҳияти худро гум накарда, истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (санаи қабулаш 10 декабри соли 1948) мушоҳида мешаванд…
Бо гузашти солҳои зиёд аз ин рўйдоди таърихӣ, ворисони ориёиҳои қадим, яъне мо – тоҷикон, бо амри тақдир баробари соҳибдавлат шудан, дубора Конститутсия ва ё тавре онро мегўянд, Қонуни асосии кишвари худро тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудем. Бо қабули ин санади олии ҳуқуқӣ, мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён нишон дод, ки роҳи пешгирифтаи миллат ва давлати тоҷикон кадом аст. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин баён доштаанд:
«Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад».
Дарвоқеъ, Конститутсия дар худ ҳукми шиносномаи ҳар давлату миллатро дорад. Дар он номи расмии давлат, сохти давлатдорӣ, тарзи ташкили марзиву ҳудудӣ, асоси ҳуқуқии давлат ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ сабт гардидаанд. Дар ин замина, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи барои миллати тоҷик ҳассосу сарнавиштсоз таҳияву қабул гардид, имрўз яке аз беҳтарин Конститутсияҳои дунё эътироф шудааст. Қабули Конститутсия дар роҳи бунёд ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ гузошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994, ки инак 28-солагии ин санаи таърихиро истиқбол мегирем, дар кишвари тозаистиқлол рўйдоди беназир арзёбӣ гардида, дар самти фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуҳуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ нақши муҳим ва аввалиндараҷа дорад. Нахустин маротиба дар таърихи Конститутсиядории тоҷикон дарҷ гардидани масъалаҳое ба мисли кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва эътирофи моликияти хусусӣ кишвари моро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун равона карда, барои таъмини ҳадафҳои давлати иҷтимоӣ, яъне таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас роҳнамо гардид ва имкон дод, ки дар солҳои минбаъдаи баъди қабули ин санади олӣ барои рушди иқтисодии ҷумҳурӣ даҳҳо стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва татбиқ карда шаванд. Дар заминаи сиёсати пешгирифтаи иқтисодию иҷтимоии давлат қабул гардидани барномаҳои мухталифи иқтисодӣ ва татбиқи бомароми онҳо ҷиҳати амалисозии ислоҳот дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ самараи нек ба бор оварда, барои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ фазои мусоид фароҳам гардид. Махсусан, баъди қабули қонунҳо “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи сармоягузорӣ”, “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ”, “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” ва дигар санадҳо, ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя такони ҷиддӣ дод.
Умуман, Конститутсия дар зарфи 28 сол рушди давлату давлатдории навинро асос гузошта, амалишавии ҳадафҳои олии давлату ҷомеаи Тоҷикистон, суботи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии давлат, фаъолияти бонизоми ҳокимияти давлатӣ ва волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.
Дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардидани мақсадҳои олии давлату давлатдорӣ ифодагари он аст, ки ин санади сиёсиву ҳуқуқӣ воқеан ҳуҷҷати муҳимми низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, муаррифгари давлату миллати куҳанбунёди тоҷик дар ҷаҳони мутамаддин ва амалисозандаи орзуву ниятҳои бунёдкоронаи ҷомеаи мо мебошад.
Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кўшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрўзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рўи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем”.
Давлатзода Толиб Шариф,
судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд