Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд.
Бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудан ва нигоҳ доштани ҳокимият,ҳамчунин бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ватанфурӯшон нақшаи беасос мекашанд.
Мақсади асосии ин хоинони миллат аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиерӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мпбошад.
Аз ин рӯ, бо мақсади эмин нигоҳ доштани миллату давлат аз таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳамаи моро зарур аст, ки донишҳои сиёсиамонро пайваста мукаммал гардонем ва таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошем.
Отаҷонзода М.О.