Коррупсия ва анъанаҳои миллӣ

Posted by

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ дорад, ба монанди осорҳои хаттию илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷҳтимоӣ ва ғайраҳо шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он бо ҳазорон монеаҳо дучор гардида, ҳам дар шакли хаттӣ ва ҳам дар шакли шифоҳӣ ба мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба мерос мондааст. Ин арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд.

Имрӯз зарурате ба миён омадааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардад ва чунин ҳам шуд ва боз бо тақозои замон ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки ҳамаи ин дар натиҷаи ба назар гирифтани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои худи шаҳрвандони кишвар мебошад.

Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рӯзгор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чунучаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

Бояд зикр намуд, ки иҷрои талаботи Қонун вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Омилҳои коорупсионие, ки аз тарафи баъзе ашхосон ба вуҷуд меояд он низ аз мадди назари қонун ҳеҷ гоҳ дур нахоҳад монд.

Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангӯӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад, Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Пӯшида нест, ки тоҷикон дар тӯли таърих ба як қатор дастовардҳои моддию маънавӣ, фарҳангофаринӣ, маърифатбунёдӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардидаанд. Манзур аз ин мақола эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ хушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад.

Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд: омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд. Ҳамин тариқ чуноне таҷриба нишон дод, айни замон зарурати такмил додани ин Қоунн тақозои замон аст. Нақши ин Қонун дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мардум беназир аст, ҳарчанд ки натиҷаҳо назаррас аст, зарурияти такмил додани ин Қонун тақозои замон аст. Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ ҳбуда, риояи ин қонун дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳантқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.

Дар тӯли таърих аз ҷониби истилогарони аҷабӣ бисёр кӯшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқӯъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи мадду ҷазр ва тӯфонҳои харобкори зиндагиро бо нерӯи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршииддати таърих шарофатмандона гухашт ва имрӯз бо сарварии Пешвои худ бабунёди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар будааст ва умед аст, ки мо дар ҳама ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии в.Суғд Баҳриддинзода Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *