Судя Давлатзода Т.Ш. ҳозиринро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд намуданд, ки Истиқлолият беҳтарин дастовард, арзиши олии давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ, ифтихор аз таъриху тамаддун ва фарҳанги оламшумули тоҷикон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи бебозгашти навсозӣ ва шукуфоиро ихтиёр намудааст.
Бояд гуфт, ки рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ вазифаҳои мушаххаси созандагиву бунёдкории ҳамешагиро пеш мегузорад, ки мақсади ниҳоии он беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ба шумор меравад. Имрӯз навсозию бунёдкорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – барномаҳои иҷтимоӣ, судӣ-ҳуқуқӣ, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, фарҳанг, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба хубӣ эҳсос гардида, меъёрҳои муосиртарин дар ин самтҳо амалӣ карда мешаванд.
Имрӯз барои дараҷаҳои сифатан нави некӯаҳволии сокинони мамлакат таҳкурсии муқтадир гузошта шудааст. Барои амалисозии ин нақшаҳо, пеш аз ҳама, мутахассисони баландпоя, кадрҳое заруранд, ки афкору андешаҳои наву замонавӣ дошта бошанд. Ин вазифа дар навбати аввал ба зиммаи ҷавонони тоҷик, насле, ки имрӯз фаъолона ва устуворона барои бунёди ояндаи дурахшони кишвари худ заҳмат мекашанд, вогузор гардидааст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам месозанд.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Суғд: Давлатзода Т.Ш