Мақоми зан дар ҷомеа

Posted by

Истиқлоляти давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ,  зиндагонии шоиста ва имконияти муфид фароҳам оварад. Дар замони истиқлолият занон тавонистанд дар дилхоҳ соҳа кору фаъолияти самарабахш намоянд. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан, инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳатто дар қушунҳои сарҳадӣ низ фаъолият намуда, саҳми худро дар пешрафти ватану осоиштагии миллат расонида истодааст. Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи худро бе иштироки занон тассавур карда наметавонад. Таҳлили фаъолияти пурсамари занон дар сиёсати имрӯза нишон дод, ки дар ҳақиқат занон дар сатҳи идоракунии давлатӣ нақши хосае доранд.        

Баробарҳуқуқии зану мард – яке аз самтҳои баробарҳуқуқи мебошад, ки онро Конститутсияи Жумҳурии Тожикистон кафолат додааст, ғайр аз кафолати умумии баробарҳуқуқӣ новобаста ба ҷинс, баробарҳуқуқии мардон ва занонро махсус эълон намудааст. Ин меъёр дар қонунҳои Конститутсионӣ, ҷорӣ ва санадҳои зерқонунӣ ба таври васеъ кафолат дода шудаанд. Бояд қайд кард, ки кафолати умумии баробарҳуқуқӣ новобаста ба ҷинс дар Конститутсияи бисёр мамлакатҳо пешбинӣ шудааст. Аммо кафолати махсуси баробарҳуқуқии зану мард дар онҳо пешбинӣ нашудааст. Дар Ҷумҳурии Тожикистон ба самти баробарҳуқуқии зану мард ҳамеша эътибори махсус дода мешуд. Масалан, м.ЗЗ Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон соли 1978 муқаррар карда буд, ки «ин ҳуқуқҳо бо роҳи ба занон баробари мардон додани имконият дар маълумотгирӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ, дар меҳнат ва музди меҳнат ва пешравӣ дар касбу кор, дар фаъолияти ҷамъиятию сиёсӣ ва маданӣ, инчунин бо тадбирҳои махсуси муҳофизати меҳнат ва саломатии занон ба амал бароварда мешавад».

Баланд бардоштани макоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии  «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия интихоб ва ҷобаҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин  санаду меёрҳои дигареро номбар кардан бамаврид аст, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд.                 

Котиби маҷлиси судии

Суди иқтисодии вилояи Суғд:    Қодирова Сафина

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *