ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД -АЗ МАВЗУЪҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ

Posted by

Паёми имсолаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ҳамчун барномаи мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаи моро дар 30 соли соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода, бобати ноил шудан ба дастовардҳои боз ҳам назаррас дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таҳкими суботу оромии ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.  

Дар паёмҳои Сарвари давлат ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи меҳвариро касб менамояд. Пешвои Миллат фароҳам овардани фазои ҳуқуқиро дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд дониста, зикр мекунанд, ки барои амалӣ намудани ин ҳадаф пеш аз ҳама ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлат, ташкилоту муассисаҳо, басо назаррас аст.

Мусаллам аст, ки вазифаҳои суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон эълон намудаанд, ҳамзамон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр карданд, ки мақо моти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд. Ин нуқтаи назар боз ҳам моро водор месозад, ки бо мақсади таъмини қонуният ва адолати судӣ, суботу оромии ҷомеа ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ вазифаҳои худро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро намуда, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Зеро даъвату ҳидоят ва пешниҳодҳои Пешвои муаззами Миллат Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама роҳнамои ҳайёт ба суи рузгори неку босаодати мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзамон оинаи таҷассумкунандаи пешравиҳои имрӯзу фардои кишвар ба ҳисоб меравад.

Судяи суди

иқтисодии вилояти Суғд:

Ниёззода М.                       

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *