НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Posted by

 Суди иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2021 фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани адолати судӣ чунин корҳоро ба сомон расонидааст.

         Давоми нимсолаи якуми соли 2021, 482 адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба маблағи 93575211 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 376 ҳолати баррасии парвандаҳо ҳалномаҳои судӣ қабул гардида аризаҳо ба маблағи 68531151 сомонӣ қонеъ гардонида шуд.

 Аз ҳисоби 482 аризаҳои даъвогии (ариза, маводҳо) баррасӣ шуда 25 ададаш аризаҳои мақомоти прокуратура ба манфиати давлат ва дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ оид ба руёнидани 70599080 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод шудааст, ки дар 19 ҳолат даъво пурра ва дар 4 ҳолати дигар даъво қисман ба маблағи 63243663 сомонӣ қонеъ, дар 2 ҳолат бо сабаби дар рафти мурофиаи судӣ даст кашидани даъвогар аз даъво истеҳсолоти парванда қатъ карда шудааст.

       Дар давраи ҳисобот 1 аризаи мақомоти ҳудудии гумрук дар бораи рӯёнидани пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 50898 сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, даъвои мақомоти мазкур қисман ба маблағи 40767 сомонӣ қонеъ карда шудааст.

        Давоми соли равон теъдоди 2 аризаҳои даъвогии ба манфиати мақомоти андоз оид ба рӯёнидани 2 552 109 сомонӣ пешниҳодшуда баррасӣ ва дар 1 ҳолат даъво пурра, дар 1 ҳолат қисман ба маблағи 2 529 427 сомонӣ қонеъ карда шудааст. 

Суди иқтисодии вилояти Суғд 31 адад парвандаҳои иқтисодиро аз рӯи даъвоҳои мақомоти давлатӣ, ки ба манфиати давлат оиди рӯёнидани 83 431 328 сомонӣ зарари аз насупоридани маблағи қувваи барқ, об, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар маблағҳои давлатӣ расонида шударо баррасӣ кардааст. Дар 22 ҳолат даъво пурра, дар 6 маврид даъво қисман ба маблағи 63 682 091 сомонӣ қонеъ ва ба ҳисоби давлат зарар барқарор карда шуда, 3 адад парвандаҳо бинобар даст кашидани даъвогар аз даъво қатъ карда шудааст.

       Чунончи: 1. Маблағи бақияи андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ – 2 529 427 сомонӣ; 2. Рӯёнидани маблағи хизмати обрасонӣ – 438 428 сомонӣ; 3. Истифодаи қувваи барқ – 45 304 910 сомонӣ ва ғайра.

Давоми нимсола 60 парвандаҳо оид ба мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баррасӣ ва аризаҳо дар 40 ҳолат пурра, 4 ҳолати дигар қисман қонеъ ва қарори раисони шаҳру ноҳияҳо беэътибор дониста шуда, дар 7 маврид аризаҳо рад, 8 ҳолат бебаррасӣ ва дар 1 маврид бо сабаби даст кашидан аз ариза қатъ карда шуданд.

Гузашта аз ин давоми нимсолаи якум 5 аризаи субъектони соҳибкорӣ оид ба беэътибор донистани қарорҳои мақомоти андоз баррасӣ шуда қарор-огоҳномаҳо дар 3 ҳолат пурра ва дар 2 маврид қисман беэътибор дониста шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 теъдоди 17 парванда бо даъвои бонкҳо ба маблағи 24165130 сомонӣ ва 7то бо даъвои ташкилоти қарзии хурд ба маблағи719831 сомонӣ баррасӣ шуданд, ки аз он 12-тоаш бо гарави амвол таъмин буданд. Аз натиҷаи баррасӣ дар 10 ҳолат даъвоҳои бонкҳо пурра, дар 4 ҳолат қисман ба маблағи 16268565 сомонӣ қонеъ шуда, даъвоҳои ташкилоти қарзӣ дар 4 маврид пурра ва 2 ҳолат қисман ба 588939 сомонӣ қонеъ шудааст.

Дар ин давра зимни пешниҳоди даъво 296 125 сомонӣ маблағи боҷи давлатӣ ба буҷети давлат воқеан пешпардохт карда шудааст. Ҳамин тавр, маблағи боҷи давлатии дар марҳилаи аввали судӣ рӯёнидашуда, бо назардошти маблағи боҷи давлатии бо ҳалномаҳои судӣ воқеан ситонидашуда 1 570 016 сомониро ташкил медиҳад (Ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба 591 378 сомонӣ баробар буд, ки зиёдшавӣ 978 638 сомониро ташкил намуд).

Баҳри таъмини иҷрои санадҳои судӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, давоми нимсола маблағи боҷи давлатии аз руи ҳалномаҳои судӣ воқеан руёнидашуда ба 300778 сомонӣ баробар шуда, маблағи зарари ба манфиати давлат воқеан  иҷрошуда 36032103 сомониро ташкил намуда, ин нишондиҳанда аз зарари нимсолаи якуми соли 2020 руёнидашуда (7706325 сомонӣ) ба андозаи 28325778 сомонӣ фарқияти зиёдшавӣ дорад.

         Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби 482 парвандҳои баррасишуда 59 ададаш дар маҷлисҳои сайёри судӣ баррасӣ гардида, аз тарафи судяҳои суди иқтисодии вилоят дар ташкилоту корхонаҳо 76 вохуриву мулоқотҳо баргузор гардиданд.   

          Дар рӯзномаҳои мухталифи марказӣ ва вилоятӣ 9 адад, инчунин дар сомонаи интернетии суди иқтисодии вилояти Суғд 23 адад мақолаҳои ҳуқуқӣ, маводҳои ҷамъбастӣ, иттилоот ва ғайра ба чоп расонида шуданд. 

Гузашта аз ин дар суди иқтисодӣ қабули доимии шаҳрвандон, ки бо арзу шикоятҳо муроҷиат мекунанд, аз ҷумла аз ҷониби шахсони роҳбарикунанда дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда шуда, дар рӯзҳои қабул муроҷиати 297 нафар ҳаллу фасл карда шудааст.  

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *