Паём ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва равшангари зиндагии мо мебошад

Posted by

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва талошҳои пайгиронаашон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои ниҳоии миллату давлат,  имрӯз мо ба як низоми муайяни рушд ноил гаштем.Тоҷикистон имрӯз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди боэътимод қарор дорад ва ҳеҷ як қувваи иртиҷоӣ наметавонад.

Агар сарнавишти таърихии миллати тоҷикро пеши назар орем, Паём додан, яъне, мустақилона муайян кардани сарнавишт тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии гузаштагон дар бораи соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст. Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғоз то ба ҳол роҳнамои мушаххаси созандагиҳои кишвар, қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои баланди миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи халқ мебошанд. Дар Паёми имсола ҳам шоҳиди ҳадафҳои қавитару вазифаҳои тақдирсози наву баландарзиш гардидем, ки моро ба шукуфоиву ободонии бештар мерасонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, бо мисолҳо дар бораи пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва молия, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, оини ҳамсоядорӣ ва амсоли он ҳарф заданд.

Сарвари давлат зикр карданд, ки соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таърихӣ буд. Новобаста ба зуҳур ва паҳн шудани бемории сироятии COVID-19 сокинони кишвар бо меҳнати ҳалолу софдилона дар афзуннамоии дастовардҳо ба муваффақиятҳо ноил гаштанд. Чунончӣ, дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳувият ва ифтихори миллии ҳар як сокини мамлакат баланд аст.

Пешвои миллат барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори миллӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ба ин васила расидан ба зиндагии шоиста дастуру супоришҳои созанда доданд. Пайғоми хуш дар ин зимн аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани кишоварзони мамлакат мебошад, ки ба фаъолмандии деҳқонон ва маҳсулнокии кори онҳо заминаи мустаҳкам мегузорад.

Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳон ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, низ дар Паём зикр ёфта, бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти пешгирии омилҳои номатлуб ва таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» супориш дода шуд.

Масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, ин ҳам бошад мавзуъоти ҷавонон, ҳуқуқ, қонун ва ҷомеа, судҳо ва ислоҳоти судӣ, терроризм, экстремизм, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, қазияи Афғонистон, таҳлили вазъи минтақа ва байналмилалӣ мебошад, ки аз нуктаи калидии амнияти давлатдории миллӣ арзёбӣ мегардад.

Дар Паём ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм диққати махсус дода шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид намуданд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Воқеан ҳам, асри ХХI асри бо суръати баланд рушд ёфтани илму техника ва технологияҳои иттилоотӣ буда, бархӯрди манфиатҳо, ба ҳам омехташавии тамаддунҳо ва дар ин замина, аз байн рафтани арзишҳои фарҳангии миллатҳоро ба миён овардааст. Ин равандро бо номи ҷаҳонишавӣ ё глобализатсия низ мешиносанд, ки ҷаҳонро ба деҳаи кӯчак шабеҳ гардонида, имкон фароҳам овардааст, ки одамон аз тариқи маҷозиву реалӣ муошират ва дар фурсати кӯтоҳ ба дурдасттарин гӯшаи олам сафар кунанд.

Волоияти қонун дар ҳамаи давру замон чун шарти асосии пешбурди зиндагӣ маънидод мешавад. Зеро ба вуқӯъ пайвастани таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ риояи меъёру талаботи ҳуқуқиро тақозо дорад. Ва тараққиёти ҷомеа дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ низ танҳо дар доираи қонунҳои ҷорӣ воқеӣ ва бобақост. Чунки ҷавҳари ҷомеаро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи стратегияи давлат, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо, нақшаи фаъолият, раҳнамо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеа ба сӯйи ояндаи дурахшон ва равшангари зиндагии мо мебошад.

Гулзода Саймаҳмуд САФАРАЛӢ,

судяи Суди иқтисодӣ дар вилояти Суғд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *