Наврӯз муборак ҳамватоанони азиз!

Posted by

Калимаи Наврӯз маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари баҳор аст. Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, ощози корҳои кишоварзц ва бощдорц, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афщонистон, Озарбойҷон, қазоқистон, қирщизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасц қарор ёфтааст. Дар қарорнома гуфта мешавад, кц ҳамасола дар тамоми ҷахон санаи 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз ҷашн мегиранд.

  Наврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои мардумони эронинаҷод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад, ки ба фарҳанги қавму миллатҳои дигари Осиёи Марказц низ бо ҳамин ном гузаштааст. Қадимтарин манбаъи иди Наврӯз-ин китоби муқаддаси зардуштиён «Авесто» мебошад. Решаи аниқ аз қадимтарини таърихии ҷашни Наврӯз 3000 сол пеш аз милод рост меояд. Таърихи гузаштаи Наврӯз, чихеле ки дар «Наврӯзнома» (Китоби Наврӯзии) Умари Хайём омадааст дар давраҳои таърихи шоҳигарии форсҳои давраи Пешдодиён ва дар «Шоҳнома» гузоштаи ин ид алоқа бо шоҳигарии Ҷамшед пайвастагӣ дорад. Чи тавре, ки маълум аст, ки санаи 21 март шабу рӯз баробар шуда ба 12 соати тақсим мешавад. Вақте, ки Ҷамшед тахти тилогини худро сохт (аз рӯи достон якумин таҳи дар таърихи одамизот вуҷуд дошт) дар вақти баромади офтоб дар куҳи баланд бардошта ва тилло дар нурҳои офтоб ҷилва дода, равшанӣ мисли офтоб медод. Ин рӯзро Наврӯз номидан, ва ҳамчун аввалин соли нав ҷашн мегирифтанд. Дар «Наврӯзнома» гуфта шудааст Ҷамшед ин рӯзро Наврӯз номида ва ӯро ба расму оин дохил кардааст. Шоҳону одамон ин идро ҷашн мегирифтанд. Дар ин маросими як қатор бозизиҳои халқӣ аз он ҷумла бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингии паҳлавонҳо, ланкабозӣ, тухмзанак, арғамчинбозӣ ва щайраҳоро бози мекунанд. Барои ороиши дастархони идона, ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад, ҳамчун қоида дар ид 2 намуди дастархон оро дода мешавад:

                  ҳафт син ва ҳафт шин дар Наврӯз

ҳафт син. Яке аз анъанаҳои Наврӯзи ин 7 син мебошад. ҳафт син ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи — с (син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

1. Сир

2. Себ

3. Сабзц

4. Санҷид

5. Сирко

6. Суманак

7. Сипанд.

ҳафт шин — Ба ғайр аз ҳафт син дар руи дастархони Наврӯзи ҳафт шин мемонанд.

ҳафт шин ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо  бо ш (шин) ощоз меёбанд, ба онҳо дохил мешаванд:

1. Шакар

2. Шона

3. Шамъ

4. Ширини

5. Шарбат

6. Ширбиринҷ

7. Шир

Умуман инҳо аз урфу одати ҳар як миллат вобаста аст. ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои ҳафт син ва ҳафт шин номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон гузошта мешавад.

 Ҳоло дар Тоҷикистон асосан иди Наврӯз аз санаи 21 то 24-уми март ҷашн  гирифта мешавад ва ин рӯзҳои истироҳатӣ мебошад.

Исозода И.И.

         Исозода Искандар Исмоил

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *