Ҷамбасти амалии судӣ вобаста ба бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза), бекор намудани таъинот (тибқи қисми 6 моддаи 148 КМИ ҶТ)

Posted by

адабиёти истифодашаванда:      Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 аз санаи 26.11.2009 с. «Дар бораи баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи якум».

Ҷамъбастии мазкур бо мақсади дуруст татбиқ намудани муқарраротҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти амали меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии шартномавӣ, характери мурофиавӣ дошта, дар рафти баррасии парвандаҳо, татбиқ намудани санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф гардидаанд, дар вақти баррасии парвандаҳо дар нимсолаи якуми соли 2020 гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти КМИ ҶТ муҳокимаи судӣ дар суди зиннаи аввал бо моҳиятан баррасӣ намудани парванда ва қабул намудани ҳалнома ба анҷом мерасад.

Институти бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) ҳам яке аз намудҳои ба итмом расидани муҳокимаи судӣ дар суди иқтисодӣ бе қабул намудани ҳалнома дониста мешавад.

Дар моддаи 147 ва 148 КМИ ҶТ асосҳо ва тартиби бе баррасӣ мондани даъво (ариза) аниқ дар 8 намуд муқаррар карда шуда, васеъ тавзеҳ додани он (асосҳои дигар) ғайриимкон мебошад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи мазкур суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро (аризаро) бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кардан… яъне, қонунгузор алакай дар ин маврид муқаррар намудааст, ки аризаи даъвогиро (аризаро) судя танҳо дар ҳолати қабул намудан ба истеҳсолоти судӣ ва оғоз намудани парванда (мод. 126 КМИ ҶТ), бе баррасӣ монда метавонад. (инчунин ин институт дар марҳилаи кассатсионӣ метавонад татбиқ карда шавад)
Қайд кардан ба маврид аст, ки татбиқи меъёрҳои мурофиавӣ вобаста ба бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ асосан баҳри бартараф наму-дани камбудиҳои пас аз қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ош-коршуда татбиқ мегардад.
Бинобар ин, ки бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) ба ҳуқуқҳои иштироккунандагони парванда таъсир мерасонад (асосан аризадиҳанда) қонунгузор асосоҳои бе баррасиро аниқ муқаррар намуда, асосҳои дар моддаи 147 КМИҶТ пешбнишуда васеъ тавзеҳ дода намешаванд.
Ҳар як асоси бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) бояд бо баромади тарафҳо (иштироккунандагони парванда), бо далелҳои хаттӣ ва ғайра тасдиқ карда шавад. (мод. 64 ва 65 КМИ ҶТ)
Маълум ва тасдиқ намудани асосҳои бебаррасӣ мондани аризаи
даъвогӣ (ариза) ин яке аз намудҳои мубоҳисаи тарафҳо (иштироккунан-дагони парванда) буда, аз ҷониби онҳо бо баромади худ, далелҳои хат-тии аз ҷониби суди иқтисодӣ эътирофгардида, бояд тасдиқ карда шавад. Лекин муайян намудан ва татбиқ намудани асосҳои бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ низ бо таҳриқи суди иқтисодӣ татбиқ намояд.
Масъалаи бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар муҳокимаи судӣ ҳал карда мешавад, аммо дар баъзе мавридҳо мумкин аст, ки тибқи талаботи моддаи 135 (қ.6) КМИ ҶТ дар маҷлиси пешакии судӣ ҳал карда шавад.
Қонунгузор (КМИ ҶТ) муқаррар намудааст, ки ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, панҷум ва шашуми моддаи 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогӣ (ариза) мумкин аст бе баррасӣ мононда шавад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 147 КМИ ҶТ суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад, агар баъди ба истеҳсолот қабул кардан муқаррар кунад, ки: (қисми тавзеҳотӣ)
Сархати 1 – дар истеҳсолоти суди иқтисодӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оиди баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад.
Дар ин маврид аз ҷониби судя (суди иқтисодӣ) бояд ба назар дошта шавад, ки ин ҳолат аз асосҳои қатъ намудан фарқият дошта, дар ҳолати дар истеҳсолоти суди иқтисодӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оид ба баҳси байни ҳамон шахсон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо парванда мавҷуд бошад, аризаи даъвогӣ метавонад бе баррасӣ мононда шавад, на он, ки қатъ карда шавад. (фарқият дар моҳиятан ҳал нагардидан ва қабул нашудани санади судӣ доир ба ин баҳс мебошад).
Дар ин маврид ҳам институти мубоҳисаи тарафҳо (иштироккунандагони парванда) амали гардида, ҳолатҳои дар истеҳсолоти суди иқтисо-дӣ, суди юрисдиксияи умумӣ, суди ҳакамӣ оиди баҳси байни ҳамон шах-сон дар бораи ҳамон предмет ва бо ҳамон асосҳо мавҷудияти парванда бояд бо баромади тарафҳо, далелҳои хаттӣ, тасдиқ карда шавад.

Сархати 2 – даъвогар тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳсро бо ҷавобгар риоя накардааст, агар он тибқи қо-нун ё шартнома пешбинӣ шуда бошад.

Риояи тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдаро-рии баҳс бо ҷавобгар (шахсони манфиатдор) бисьёртар дар баҳсҳое, ки аз муносибатҳои гражданӣ баромада, (дар вақти бастан, иҷро намудан ва қатъ намудани шартнома) пешбинӣ гардида, аз он ҷумла дар қонунгузо-рӣ ва санадҳои зерқонун муқаррар карда шудаанд.
Масъалан: дар вақти пешниҳод намудани аризаи даъвогӣ оид ба рўёнидани маблағи қарзӣ, агар дар шартномаи қарзӣ муқаррар гардида бошад, ки «…тартиби ҳаллӣ баҳс байни тарафҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешавад ва дар ҳолати ҳал нашудани он байни тарафҳо…» даъвогар наметавонад бе риояи чунин шарти шартнома ба суд бо даъво муроҷиат намояд. Ё агар талаби даъво оид ба басташуда эътироф наму-дани шартнома буда, ҷавобгар аз ба расмият даровардани он саркаши намояд, ба даъвогар зарур аст, ки пеш аз ба суди иқтисодӣ муроҷиат на-мудан, муроҷиати худро оид ба бастани шартнома ва мўҳлати онро му-айян намуда, ба ҷавобгар ирсол намояд ва дар ҳолати саркаши намудан, баъдан ба суди иқтисодӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд.
Дар ҳолати маълум намудани ҳолати мазкур аризаи даъвогӣ метавонад мувофиқи сархати 8 қ. 2 мод. 124 ва 127 КМИ ҶТ беҳаракат мононда шавад ё агар дар рафти мурофиаи судӣ маълум карда шавад мувофиқи сархати 2 мод. 147 КМИ ҶТ асос барои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ дониста мешавад.
Лекин дар ин ҳолатҳам дарназар бояд дошт, ки институти мубоҳи-саи тарафҳо (иштироккунандагони парванда) амали гардида, асосҳои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) аз ҷониби суди иқтисодӣ, вобаста ба факти риояи нагардидани тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии батанзимдарории баҳс бо ҷавобгар аз ҷониби даъвогар, пешбини гардидани он бо шартнома ва қонунҳо бояд бо баромади тарафҳо, далелҳои хаттӣ муайян карда шавад. Инчунин ҳолати мазкур метавонад низ бо ташаббуси суди иқтисодӣ татбиқ карда шавад.
Лекин қайд намудан ба маврид аст, ки чунин ҳолат (талаботи пешазсудӣ) агар аз мадди назари судя дар вақти ҳал намудани қабули ариза дур монда, истеҳсолот оғоз шуда бошад, бояд дар рафти омодасозии парванда тибқи талаботи моддаи 135 КМИ ҶТ санҷида шавад.
Дар ҳоле, ки агар ин масъала аз ҷониби ҷавобгар дар рафти муҳокимаи судӣ бардошта шуда, асос барои кашолкории баррасии парванда гардида бошад, муайян гардад, ки ин кашолкорӣ низ то айби ҷавобгар ба миён омадошад ва ҷавобгар нияти ҳал намудани баҳсро бо чунин тартиб надошт, суди иқтисодӣ баҳри поймол нагардидани ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар иштироккунандагони парванда, ҳуқуқ дорад парвандаро моҳиятан баррасӣ намояд.

Сархати 3 – ҳангоми баррасии ариза дар бораи муқаррар кардани фактҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум гардад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ пайдо шудааст.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти қ. 4 мод. 201 КМИ ҶТ дар ҳолате, ки агар дар рафти муҳокимаи судии парванда дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум шавад, ки баҳс оид ба ҳуқуқ пайдо шудааст, суди иқтисодӣ аризаро дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бе баррасӣ мононда, дар ин бора таъинот мебарорад.

Дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ ба аризадиҳанда фаҳмонда дода шавад, ки ҳуқуқи ў ва дигар шахсони ба парванда манфиатдор оид ба ҳал кардани баҳс аз рўи тартиби истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда ша-вад.

Яъне, қонунгузор муқаррар намудааст, ки пеш аз моҳиятан баррасӣ намудани ариза оид ба муқаррар намудани факти аҳамияти ҳуқуқидошта, аз ҷониби тарафҳо бояд баҳси пайдогардида бо истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда шуда, баъдан аризадиҳанда ҳуқуқ дорад такроран ба суди иқтисодӣ бо ариза оид ба муқаррар намудани факт муроҷиат намояд. (мод. 148 КМИ ҶТ)

Сархати 4 – талаботе пешниҳод шуда бошад, ки он мутобиқи қонун

бояд дар парванда оид ба муфлисшавӣ баррасӣ гардад.

Дарназар бояд дошт, ки мувофиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», аз лаҳзаи қабули ариза оид ба муфлис эътироф намудани қарздор, ҳамаи баҳсҳо бояд бо тартиби қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ ҳал карда шаванд (дар рафти баррасии парванда). Агар дар рафти баррасии аризаи даъвогӣ (ариза) дар суди иқтисодӣ маълум карда шавад, ки талаботе пешниҳод шудааст, ки он мутобиқи қонун дар парванда оид ба муфлисшавӣ бояд баррасӣ гардад, бо татбиқи сархати 1 мод. 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогӣ (ариза) бе баррасӣ мононда шуда, ба даъвогар (аризадиҳанда) фаҳмонда дода мешавад, ки бо тартиби Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» ба парвандаи дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор муроҷиат намояд.

Сархати 5 – агар созишномаи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ мавҷуд бошад, агар ҳар кадоме аз тарафҳо на дертар аз рўзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии пар-ванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ баён намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар кунад, ки ин созишнома беэътибор мебошад, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад, ари-заи даъвогӣ (ариза) тибқи талаботи моддаи сархати 5 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар рафти баррасии парванда аз ҷониби суди иқтисодӣ бояд маълум карда шавад, ки оё созишномаи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ мавҷуд мебошад ё не, тарафҳо на дертар аз рўзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ баён кардааст ё не, оё созишномаи мазкур беэътибор шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад ё не.

Дар ин ҳолате, ки агар суди иқтисодӣ маълум кунад, ки созишно-маи тарафҳо дар бораи баррасии баҳси мазкур дар суди ҳакамӣ беэътибор дониста шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад (қувваи худро гумнакардааст), суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро (аризаро) бе баррасӣ намемонад ва моҳиятан баррасии парванда давом дода мешавад.

Ҳангоми маълум намудани баёни тарафҳо дертар аз рўзи пешниҳоди аризаи якуми худ доир ба моҳияти баҳс дар суди иқтисодии марҳилаи якум аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, парванда бояд моҳиятан дар суди иқтисодӣ баррасӣ карда шавад.

Сархати 6 – тарафҳо дар бораи ба истеҳсолоти суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ, ки бо он баррасии парванда моҳиятан анҷом меёбад, созишнома баста бошанд, агар ҳар кадоме аз тарафҳо аз рўи ҳамин асос нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ норозигӣ изҳор намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар суди иқтисодӣ муқаррар кунад, ки ин созишнома беэътибор аст, аз эътибор соқит шудааст ё иҷрои он имконнопазир мебошад.

Қобили зикр аст, ки моҳияти институти сархатҳои 5 ва 6-и мод. 147 КМИ ҶТ монанд буда, аммо аз ҷониби судяҳои суди иқтисодӣ фарқияти онҳо бояд фарқ карда шаванд. Зеро, фарқияти сархати 5 ин мавҷудаияти созишнома то пешниҳоди аризаи даъвогӣ ба суди иқтисодӣ ва фарқияти сархати 6 ин дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ баста шудани созишнома мебошад.

Дар ин маврид ҳам институти мубоҳисаи тарафҳо амал намуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ дар рафти баррасии парванда бояд мавҷудияти созишномаи тарафҳо дар бораи ба истеҳсолоти суди ҳакамӣ супоридани баҳс дар ҷараёни муҳокимаи судӣ то қабули санади судӣ басташуда, мавҷудияти изҳори норозигӣ бо ҳамин асосҳо нисбати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ, эътибории созишнома, дар қувваи амал будани он ва имконпазирии иҷрои он бояд муайян карда шавад.

Сархати 7 – аризаи даъвогӣ имзо нашуда бошад ё шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Қайд намудан зарур аст, ки муқаррароти мазкур татбиқ карда мешавад аз ҷониби суди иқтисодӣ дар ҳолати аз мадди назар дур мондани талаботи моддаи 125 КМИ ҶТ (шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза) ва ҳуҷҷатҳои замимашаванда)

Ин институт аз 2 қисми иборат буда, аз ҷониби судяҳои суди иқтисодӣ дар вақти татбиқ намудани сархати мазкур бояд фарқ карда шавад: 1-ум аризаи даъвогӣ имзо нашуда бошад ва 2-юм шахсе имзо карда бо-шад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Дар ҳолати 1 – мавҷуд набудани имзои даъвогар дар аризаи даъвогӣ мувофиқи муқаррароти қ.1 мод. 124 КМИ ҶТ асос барои беҳаракат мондани аризаи даъвогӣ (ариза) дониста мешавад. Ҳамзамон набудани имзои аслии даъвогар (аризадиҳанда) дар аризаи даъвогӣ мавҷуд набу-дани иродаи даъвогар вобаста ба даъво аз ҷониби суди иқтисодӣ эътироф гардида, баррасии парванда ғайриимкон мебошад, ки асос барои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ дониста мешавад.

Ҳолати 2 – шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад. Дар назар бояд дошт, ки мувофиқи талаботи КМИ ҶТ шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза) дар моддаҳои 124, 189 ва ғайра муқаррар гардида, қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) бояд дар шакли хаттӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод гардида, бояд аз ҷониби даъвогар ё намояндаи ваколатдори ў имзо карда шавад.

Тибқи меъёрҳои қонунгузории гражданӣ (моддӣ) ва қонунгузории мурофиавӣ 4 намуд субъектони даъво (ариза) муқаррар карда шудаанд: шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 26 КМИ ҶТ, судҳои иқтисодӣ пар-вандаҳоро оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар қонунҳо, бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд (минбаъд – ташкилотҳо ва шаҳрвандон) баррасӣ ва ҳал менамояд.

Масъалан: аризаи даъвогӣ (ариза) аз ҷониби намоянда имзо гардида, аммо ба ин шахс ваколатнома дода нашудааст ё дар вақти имзо намудан эътибори қонунии худро гум намудааст. Дар ин маврид ҳолати мазкур тибқи талаботи сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ ҳамчун аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе имзо шудааст, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт эътироф карда шуда, бе баррасӣ монда мешавад.

Тибқи талаботи Кодекси граждании ҶТ (шахси ҳуқуқӣ), Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва ғр. муқаррар шудааст, ки ҷамъиятҳои мазкур ё ташкилотҳои давлатӣ ҳамчун шахси ҳуқуқи – субъекти алоҳидаи хоҷагидор дониста шуда, дар суд ва суди иқтисодӣ доир ба ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои худ ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад карда метавонанд. Инчунин тибқи қонунҳои соҳавӣ ва санадҳои зерқонунӣ муқаррар карда шудааст, ки аз номи ҷамъият (ташкилот) Раис, Директори генералӣ ё Директор ба-ромад менамояд.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 60 КМИ ҶТ, ваколатҳои роҳбарони ташкилотҳо, ки аз номи ташкилотҳо дар доираи салоҳияти бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳои таъсисии пешбинишуда амал мекунанд, бо ҳуҷҷатҳои аз ҷониби онҳо ба суди иқтисодӣ пешниҳодшаванда, ки вазъи хизматии онҳоро муқаррар менамояд, инчунин бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо тасдиқ мегарданд.

Дар ин маврид дарназар бояд дошт, ки дар вақти тартиб додани аризаи даъвогӣ (ариза) ва имзо намудани он бояд мақоми мансабии шахси ваколатдори имзокарда, мувофиқи қонун муқарраршуда, ному насаби он бояд нишон дода шавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани талаботҳои мазкур, низ аризаи даъвогӣ (ариза) метавонад бе баррасӣ монда шавад.

Сархати 8 – даъвогар такроран ба маҷлиси суди иқтисодӣ ҳозир нашуда бошад ва дар бораи бе иштироки ў баррасӣ кардани парванда арз накарда бошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи талаботи моддаи 4-и КМИ ҶТ, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суди иқтисодӣ барои ҳимояи ҳуқуқи вайронкардашуда ё мавриди баҳс қарорёфта ва манфиатҳои қонунии худ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, муроҷиат намоянд.
Дар асоси моддаи 126 ва 132 КМИ ҶТ дар ҳолате, ки аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолоти суди иқтисодӣ қабул карда шавад, амалҳои омодасозии парванда оғоз гардида, тибқи талаботи моддаҳои 134, 135 КМИ ҶТ гузаронида мешаванд. Тарафҳо (иштироккунандагони парван-да) оид ба вақт ва маҳаллӣ омодасозӣ ва баррасии парванда бо фиристонидани санадҳои судӣ, даъватномаи судӣ, барқияи алоқавӣ ва барномаҳои муоширати электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Дар рафти омодасозӣ ва баррасии парванда ба тарафҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии онҳо ва оқибати истифода накардан ё иҷро накардани онҳо фаҳмонда дода мешаванд.

Қобили зикр аст, ки шахсони иштироккунандаи парванда аз ҳуқуқҳои мурофиавии худ бояд бовиҷдонона истифода намоянд ва суйистифода аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи КМИ ҶТ мегардад. Тарафҳо ўҳдадориҳои мурофиавии муқаррарнамудаи КМИ ҶТ ва дигар қонунҳо ё ба ўҳдаи онҳо аз ҷониби суди иқтисодӣ тибқи Кодекс гузоштаро ба зимма доранд.

Бинобар ин баҳри тарбияи мурофиавии тарафҳо қонунгузор дар

моддаҳои 16 (қ.3) ва 40 (қ.5) муқаррар намудааст, ки иҷро накардани талаботҳо ва ўҳдадориҳои мурофиавӣ аз ҷониби шахсони иштироккунандаи парванда боиси ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси мазкур мегар-дад.

Мувофиқи муқаррароти қ. 10 мод. 120 КМИ ҶТ, аз ҷониби қонунгузор ба зиммаи шахсони иштироккунандаи парванда таваккали ба вуҷуд омадани оқибатҳои ногувор дар натиҷаи наандешидани чораҳо барои гирифтани маълумот дар бораи ҳаракати парванда вогузор гардидааст.

Яке аз намудҳои ҷавобгарӣ (характери тарбиявӣ дошта) ин бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) дар ҳолати такроран бе сабабҳои узурнок ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ба маҷлиси судӣ ва пешниҳод накардани ариза оид ба баррасӣ намудани парванда бе ишти-роки ў, дониста шудааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки баррасӣ намудани парванда бе иштироки даъвогар (ариза) бо розигии ҷавобгар танҳо дар ҳамон ҳолат дар муҳокимаи судӣ иҷозат дода мешавад, агар муҳокимаи судӣ оғоз гардида, даъвогар оиди асоснокии талаби даъвои худ баромад намуда бошад. (баҳри вайрон нашудани мубоҳиса ва исбот намудани асоси талаби даъ-во, мод. 64 КМИ ҶТ)

Дар мавриде, ки суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад, ба суди иқтисодӣ зарур аст, ки ҳолатҳои ба тариқи дахлдор огоҳ шудани ҷавобгарро (мод. 120 КМИ ҶТ) санҷиш намояд.
Асоси такроран ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ба маҷлисҳои судӣ бояд пай дар пай ҳам буда, дар ҳолати як маротиба ҳозир нашудани даъвогар (аризадиҳанда) ҳамчун такроран ҳозир нашудан дониста намешавад.
Дар рафти гузаронидани ҷамъбастии мазкур маълум карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби Судяҳои Суди иқтисодии вилояти Суғд 64 аризаҳои даъвогӣ (ариза) дар асоси муқарраротҳои моддаи 147 Кодекси мурофиавии иқтисодии ҶТ бе баррасӣ мононда шудаанд.
Омўзиши парвандаи таҳти №1-1/2020 маълум намуд, ки аризаи намояндаи ваколатдори КТ «Аҳрориён»-и ноҳияи Айнӣ Шоев С, нисбати шахсони манфиатдор МИҲД ноҳияи Шаҳристон, КИЗ ноҳияи Шаҳрис-тон, ХД «Гелоншоҳ», ХД «Аҳрориён» ва ХД «Аршан» дар бораи беэътибор донистани қарори маҷлиси умумии саҳмдорони ХД «Аҳрориён» аз санаи 16.02.2015 сол ва беэътибор донистани қарори Раиси ноҳияи Шаҳ-ристон таҳти №115 аз санаи 31.05.2015 сол бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 15.01.2020 сол дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ, бинобар такроран ҳозир нашудани аризадиҳанда ба маҷлиси судӣ, бе баррасӣ мононда шудааст.

Аз маводҳои парванда маълум карда шуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 13.01.2020 сол истеҳсолоти парванда аз нав оғоз карда шуда (экспертизаи хатшиносӣ), баррасии парванда ба санаи 14.01.2020 сол таъин карда шудааст. (1 рўзи корӣ)

Бинобар ҳозир нашудани иштироккунандагони парванда ба маҷлиси судӣ, дар маҷлиси судӣ то санаи 15.01.2020 сол, соати 10:00 дақиқа танаффус эълон карда шудааст.

Бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 15.01.2020 сол аризаи КТ «Аҳ-рориён» дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ, бинобар такроран ҳозир нашудани аризадиҳанда ба маҷлиси судӣ, бе баррасӣ мононда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ принсипи қонуният вобаста ба риоя риоя намудани қоидаҳои ба тариқи дахлдор огоҳ намудан ва таъин намудани мурофиаи судӣ дар мўҳлатҳои фароҳам барои ба тариқи дахлдор огоҳ шудани иштироккунандагони парванда вайрон карда шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ ба суди иқтисодӣ зарур буд, ки шахсони иштироккунандаи парвандаро оиди оғоз намудани истеҳсолоти парванда ва таъин намудани маҷлиси судӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панҷ рўз то оғози маҷлиси судӣ хабардор намояд.

Тибқи талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ, дар ҳолатҳои таъхирнопазир суди иқтисодӣ метавонист шахсони иштироккунандаи парвандаро бо воситаи телефонограмма, телеграмма, алоқаи факсимилӣ, почтаи электронӣ ё воситаҳои дигари алоқа хабардор ё даъват намояд.

Омўзиши парвандаи таҳти №1-24/2020 (1-604) маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 17.02.2020 сол аризаи ХД «Абдусалом Бобо», ХД «Ўктамхўҷа», ХД «Турапов С», ХД «Ободкор» нисбати шахсони манфиатдор МИҲД ноҳияи Б.Ғафуров ва КИЗ ноҳияи Б.Ғафуров оиди бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Б.Ғафуров таҳти №577 аз санаи 03.10.2019 сол дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ монда шудааст. (судя Исмоилзода Р.)

Маълум карда шуд, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ принсипӣ қонуният ва ба тариқи дахлдор огоҳ намудани тарафҳо (ҳуқуқӣ иштирок намудан) вайрон карда шуда, бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 08.01.20 сол маҷлиси такрории судӣ ба санаи 13.01.2020 сол таъин гардида, аммо дар маводҳои парванда ҳуҷҷати дахлдор оид ба ирсол намудани санади судӣ ба шахсони манфиатдор ё супоридани он мавҷуд нест.

Аз протоколи маҷлиси судӣ аз санаи 13-16-22-31 январ ва 13-17 феврали 2020 сол маълум карда шуд, ки мурофиаи судӣ санаи 13.01.2020 сол оғоз гардида, бинобар ба тариқи дахлдор огоҳ будани шахсони манфиат-дор, аммо бе сабабҳои узурнок ҳозир нашудани онҳо дар маҷлиси судӣ то санаи 16.01.2020 сол танаффус эълон карда шудааст. (бо кадом тарз шахсони манфиатдор оид ба вақт ва маҳаллӣ парванда огоҳ карда шудаанд маълум нест)

Санаи 16.01.2020 сол маҷлиси судӣ давом дода шуда, дар асоси дархости тарафҳо то санаи 22.01.2020 сол дар маҷлиси судӣ танаффус эълон карда шудааст. (мувофиқи дастхат огоҳ карда шудаанд танҳо намо-

яндагони аризадиҳандагон)

Санаи 22.01.2020 сол маҷлиси судӣ давом дода шуда, бинобар ҳозир нашудани иштироккунандагони парванда дар маҷлиси судӣ то санаи 31.01.2020 сол танаффус эълон карда шудааст. Аммо аз дастхати тарафҳо маълум карда шуд, ки боз огоҳ шудаанд танҳо намояндагони аризадиҳандагон. (оиди огоҳ намудани шахсони манфиатдор маълумот нест)

Санаи 31.01.2020 сол маҷлиси судӣ давом дода шуда, бинобар такроран ҳозир нашудани иштироккунандагони парванда дар маҷлиси судӣ то санаи 13.02.2020 сол танаффус эълон карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки алакай дар ҳамин маврид аризадиҳандагон ба тариқи дахлдор огоҳ будаанд (имзо дар дастхат) аммо беаҳамияти зоҳир намуда, дар вақт ва маҳаллӣ таъингардидаи маҷлиси судӣ бе сабабҳои узурнок ҳозир нашудаанд, ки асос барои бе баррасӣ мондани ариза дар таърихи 31.01.2020 сол мавҷуд буд.

Новобаста аз он, ки бо таъиноти дар шакли протоколӣ аз санаи 31. 01.2020 сол дар маҷлиси судӣ то санаи 13.02.2020 сол танаффус эълон карда шудааст, хабарномаи судӣ санаи 10.02.2020 сол тартиб дода шуда, мувофиқи расид санаи 11.02.2020 сол ба тарафҳо ирсол карда шудааст. (вайрон намудани талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ, на кам аз 5 рўз пеш)

Санаи 13.02.2020 сол маҷлиси судӣ давом дода шуда, қайд шудааст, ки новобаста аз он, ки тарафҳо оид ба вақт ва маҳаллӣ баррасии парван-да ба тариқи дахлдор огоҳ шуда бошанд ҳам, ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудаанд. (ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба огоҳ шудан мавҷуд нест)

Дар ҳамин хусус дар маҷлиси судӣ то санаи 17.02.2020 сол танаффус эълон карда шуда, котиб вазифадор шудааст, ки ба тарафҳо даъватномаи судӣ равон намояд.

Аз маводҳои парванда маълум карда шуд, ки даъватномаи судии б/р ва бе сана оиди таъин намудани маҷлиси судӣ ба санаи 17.02.2020 сол тартиб дода шуда, ба тарафҳо санаи 13.02.2020 сол ирсол гардидааст. (ҳуҷҷати тасдиқкунанда оиди дастраст гардидан нест)

Бо ҳамин асосҳо бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 17.02.2020 сол аризаи ХД «Абдусалом Бобо», ХД «Ўктамхўҷа», ХД «Турапов С», ХД «Ободкор» нисбати шахсони манфиатдор МИҲД ноҳияи Б.Ғафуров ва КИЗ ноҳияи Б.Ғафуров оиди бекор кардани қарори Раиси ноҳияи Б.Ға-фуров таҳти №577 аз санаи 03.10.2019 сол дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ монда шудааст. (судя Исмоилзода Р.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1172/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 22.07.2020 сол аризаи даъвогии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии То-ҷикистон» ба ҷавобгарии СИ Хоҷамиров Акрамхоҷа Махсумович, ҷавоб гарони дигар Боқиев Маҳмуд Ҳакимович, Хуҷамирова Ниёзбика, шахси сеюми ҷалбшуда Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар бораи ба фоидаи Муассисаи давлатии «Фонди даст-гирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» рўёнидани маблағи қарзӣ асосӣ 1 103 281,19 сомонӣ ва бақияи фоизҳои ҳисобшуда 135 198,08 сомонӣ, дар маҷмўъ 1 238 479,27 сомонӣ ва ба роҳ монондани рўёниши маблағи қарзӣ аз ҳисоби фурўши молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда дар асоси сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ монда шудааст. (судя Хоҷазода Ф.)

Дар рафти баррасии парванда дар суди иқтисодӣ аз баромади намояндагони ваколатдори тарафҳо, далелҳои хаттии дар парванда мавҷуда оид ба ҳуқуқи талабкунӣ маълум карда шудааст, ки аризаи даъвогӣ аз ҷониби МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, аммо чунин ваколат ба охирон дода на-шудааст.

Муайян шудааст, ки дар таърихи 08.12.2016 сол ва 29.12.2016 сол байни тарафҳо МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ», ҷавобгар СИ Хоҷамиров А, Боқиев М, Хуҷамирова Н. ва БДА ҶТ «Амонатбонк» шартномаи қарзии сетарафа №081216/0021-01 ва шартномаи ипотека баста шуда, мувофиқи муқаррароти моддаи 8 КГ ҶТ ҳуқуқ ва ўҳдадории гражданӣ ба вуҷуд омадаанд.

Маълум гардидааст, ки мувофиқи банди 3.1.2 шартномаи қарзӣ, ҳуқуқи талабкунии маблағи қарзӣ ва фоизҳои ҳисобшуда ба шахси сеюм БДА ҶТ «Амонатбонк» муқаррар гардида, ба МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» танҳо ҳуқуқи назоратии истифодаи мақсаднокии маблағи додашуда вогузор карда шудааст. (б. 4.1.2)

Аз банди 27 шартномаи ипотека маълум карда шуд, ки ҳуқуқи талабкунии ба роҳ монондани рўёниши маблағи қарзӣ, фоизҳо ва дигар зарарҳои дар натиҷаи номатлуб иҷро намудани шартнома ба миён омада-анд аз ҳисоби амволҳои ғайриманқули ба гарав гузошташуда ба гаравгир – БДА ҶТ «Амонтабонк» муқаррар карда шудааст.

Дар ин маврид дар назар бояд дошт, ки мувофиқи муқаррароти қ. 1 мод. 8 КГ ҶТ ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданӣ аз асосҳои пешбининамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ, инчунин аз амали шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба миён меоянд, ҳарчанд дар қонун ё чунин аснод пешбинӣ нашуданд, вале тибқи асосҳои умумӣ ва моҳияти қонунҳои гражданӣ ҳуқуқу ўҳдадориҳои гражданиро ба миён меоранд.

Аз ҷониби БДА ҶТ «Амонатбонк» ҳуқуқи пешниҳоди аризаи даъвогӣ бо чунин талабот ба МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ» боя гон аҳди бисёртарафа вогузор карда нашудааст.

Маълум карда шудааст, ки аз лаҳзаи бастани шартномаҳои дар боло овардашуда оид ба додани қарз ва ипотека байни тарафҳо ва шахси сеюм ҳуқуқи талабкунӣ ва ўҳдадориҳои пардохти маблағи қарзӣ ва фоизҳо ба миён омада, аз муқарраротҳои шартномаҳо маълум карда шудааст, ки ҳуқуқи талабкунии пардохти маблағи қарзӣ ва рўёниши маблағ аз ҳисоби амволҳои ба гарав гузошташуда танҳо ба БДА ҶТ «Амонатбонк» вогузор карда шудааст ва ҳуқуқи пешниҳоди аризаи даъвогӣ бо чунин талабот ба МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶТ» дода нашудааст.

Дар ҳамин хусус, тибқи талаботи сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ бинобар баъди ба истеҳсолот қабул кардан муқаррар шудани ҳолати имзо намудани аризаи даъвоги аз ҷониби шахсе, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт, суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ монондааст.

(Хоҷазода Ф.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1-185/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 20.07.2020 сол аризаи даъвогии ФҶ Фонди қарзии хурди «Рушди Суғд»-и шаҳри Хуҷанд, ба ҷавобгарии ХД «Аҳмадҷон Саркор», ҷавобгарони дигар ХД «Тоҳирҷон Носиров», ХД «Абдусамад», ХД «Ҳамроев Саркор» дар бораи рўёнидани маблағи боқимондаи қарзӣ напардохта ба андозаи 37 000 сомонӣ бе баррасӣ монда шудааст.

Дар рафти баррасии парванда дар муҳокимаи судӣ, аз баромади тарафҳо ва далелҳои хаттии дар парванда мавҷуда маълум карда шудааст, ки иувофиқи шартномаи кредитии таҳти №007/КҲҶ/АфТ/б/05/10 аз санаи 17.09.2010 сол аз ҷониби даъвогар ФҶ ФҚХ «Рушди Суғд» ба ҷавобгар ХД «Аҳмадҷон Саркор» маблағи кредитӣ ба андозаи 83 000 сомонӣ дода шудааст.

Тибқи талаботи банди 3.6 шартномаи мазкур даъвогар ФҶ ФҚХ «Рушди Суғд» бо аризаи даъвогии дар боло овардашуда ба суди иқтисодӣ муроҷиат намудааст, аммо мувофиқи муқаррароти банди 3.6 шартномаи кредитӣ муайян шудааст, ки ҳамаи баҳсҳое, ки дар рафти иҷрои шартномаи мазкур ба миён меоянд аз ҷониби тарафҳо бо роҳи тартиб додани протокол баррасӣ карда мешаванд. (риоя карда нашудааст)

Маълум карда шудааст, ки огоҳинома (иддао), аз ҷониби ФҶ ФҚХ «Рушди Суғд» ба ҷавобгарон ба тариқи дахлдор супорида нашудааст ва аз ҷониби намояндаи даъвогар ба суди иқтисодӣ далели тасдиқкунанда оид ба равон намудани огоҳномаҳо ба суроғаи ҷавобгарон пешниҳод нагардидааст. (мод. 64 КМИ ҶТ)

Боз муайян карда шуд, ки мувофиқи протоколи маҷлиси умумии саҳмдорони ХД «Аҳмадҷон Саркор» аз санаи 17.10.2014 сол, ки яке аз ваҷҳҳои асосии даъвогар мебошад, дар протоколи мазкур на он, ки номгузории хоҷагиҳои деҳқонии (ҷавобгарон), балки хоҷагиҳои деҳқонии бо дигар номгузорӣ (шаҳрвандон) муқаррар карда шудаанд.

Дар ҳамин хусус мувофиқи дар асоси сархати 2 мод. 147 КМИ ҶТ бинобар баъди ба истеҳсолот қабул кардан муқаррар шудани ҳолатҳои аз ҷониби даъвогар риоя нашудани тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳс бо ҷавобгар, тибқи шартнома пешбини-шуда, аризаи даъвогӣ бебаррасӣ мононда шудааст. (Хоҷазода Ф.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1-196/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 10.08.2020 сол аризаи даъвогии Раиси ХД «Амини Ризо» Аминов Б. ба ҷавобгарии Шодиев Ҳ, Шоев Н, Раҳимов А, Қурбонов М. ва Азизов С. дар бораи бартараф намудани монеагии эҷоднамудаи ҷавобгарон оиди истифодабарии қитъаи замини баҳсии боғот ба андозаи 0,59 га. ба ХД «Амини Ризо» таалуқдошта дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда шудааст.

Маълум гардид, ки ҷиҳати бо таъиноти суди аз 16.07.2020 сол маҷлиси судӣ ба санаи 27.07.2020 сол таъингардида нусхаи санади судӣ санаи 20.07.2020 сол ба тариқи алоқа ба тарафҳо ирсол карда шудааст. (7 шабо-на рўз пеш, барои огоҳ шудан нокифоя)

Санаи 27.07.2020 сол бинобар огоҳ нашудани тарафҳо ва ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ, дар маҷлиси судӣ танаффус то санаи 28.07.2020 сол эълон карда шуда (1 рўз), намояндаи даъвогар ба тариқи алоқаи телефонӣ (барқия ба тел:927780429) огоҳ карда шудааст. Дар бораи огоҳ намудани ҷавобгарон ягон маълумот мавҷуд нест.

Дар асоси таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 28.07.2020 сол муҳокимаи судӣ вобаста ба баррасии парвандаи мазкур мавқуф гузошта шуда, маҷлиси судӣ ба санаи 10.08.2020 сол таъин карда шудааст. (13 рўз) Аммо нусхаи санади судӣ ба тарафҳо дар таърихи 04.08.2020 сол ирсол карда шудааст. Новобаста аз он, ки талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ вайрон кар-да нашуда бошад ҳам (5 рўз пеш), аммо ғайриимкон будани дастраст гар-дидани санади судӣ ба тарафҳо ба минтақаи дурдаст ба назар гирифта нашудааст.

Дар асоси таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 10.08.2020 сол аризаи даъвогии Раиси ХД «Амини Ризо» Аминов Б. бинобар такроран ҳозир нашудани даъвогар ба маҷлиси судӣ, бе баррасӣ мононда шудааст.

Ба тарафҳо фаҳмонда дода шудааст, ки дар ҳолати аз ҷониби даъвогар ва ҷавобгар пешниҳод намудани далелҳои тасдиқкунанда оид ба сабабҳои узурнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии додани иттиллоот, суди иқтисодӣ ҳуқуқ дорад санади судии қабулшуда-ро бекор намояд. (Хоҷазода Ф.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1-208/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 07.07.2020 сол аризаи аъзои ХД «Негматулло Мавлонов» Усмонов А. дар бораи муқаррар намудани факти аҳамияти ҳуқуқидошта вобаста ба доштан ва истифода намудани моликият ҳамчун соҳибмулк, дар асоси сархати 3 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда шудааст. (судя Гулзода С.)

Аз протоколҳои маҷлиси судӣ аз санаи 01.07.-07.07.2020 сол маълум карда шуд, ки аризаи мазкур аз ҷониби намояндаи МИҲД ноҳияи Б.Ғафуров Ғафурзода Ғ. дастгирӣ карда шуда, аз ҷониби намояндаи КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Б.Ғафуров Ҳоҷибоев М. пурсида шудааст, ки ба ариза баҳои қонунӣ дода шавад.

Дар санади судӣ бе баррасӣ мондани ариза бо ҳолати бунёд гардидани иншоот дар қафои Кўдакистони №13 ҷамоати Овчиқаълача, истифода бурдани кудакистон аз мабраз ва пайдоиши баҳс асоснок гардида, аммо дар рафти баррасии парванда Кўдакистони №13 тибқи талаботи моддаи 201 КМИ ҶТ ба парванда ба сифати шахси манфиатдор ҷалб карда нашуда, ҳолати изҳор намудани норозигии нисбати ариза (пайдои-ши баҳс) ва субъект дар протоколи маҷлиси судӣ дарҷ карда нашудааст.

Мувофиқи муқаррароти сархати 3  мод. 147 (қ. 4 мод. 201) КМИ ҶТ ҳангоми баррасии ариза дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ маълум гардад, ки баҳс дар бораи ҳуқуқ пайдо шудааст, суди иқтисодӣ ҳақиқатан аризаро дар бораи муқаррар кардани факти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ бе баррасӣ мемонад. Аммо дар ин маврид институи мубоҳиса ва исботи ҳолат (мод. 64 КМИ ҶТ) истифода шуда, вуҷудияти баҳс аз баромади иштироккунандагони парванда ва бо далелҳои хаттӣ бояд аниқ карда мешуд.

Ҳамзамон тибқи талаботи мод. 201 КМИ ҶТ аз ҷониби суди иқтисодӣ ба аризадиҳанда бояд фаҳмонда дода мешуд, ки ҳуқуқи ў ва дигар шахсони ба парванда манфиатдор оид ба ҳал кардани баҳс аз рўи тартиби истеҳсолоти даъвогӣ ҳал карда шавад. (судя Гулзода С.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1-276/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз 10.08.2020 сол аризаи даъвогии Сайдуллоев М. ба ҷавобгарии Гулов Ҳ. ҷавобгари дигар ҶдММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои қарзи ва ипотека, дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда шудааст.

Сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад агар муқаррар кунад, ки  даъвогар такроран ба маҷлиси суди иқтисодӣ ҳозир нашуда бошад ва дар бораи бе иштироки ў баррасӣ кардани парванда арз накарда бошад.

Маълум карда шуд, ки бо таъиноти судӣ аз 17.07.2020 сол баррасии парванда дар муҳокимаи судӣ ба 04.08.2020 сол таъин карда шудааст.

Нусхаи санадҳои судӣ ба Сайдуллоев А. супорида шуда, ҳамзамон нусхаҳои дигари ба Гулов Ҳ., ҶдММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд барои дастраст намудан ба ў супорида шудааст.

Дар маводҳои парванда ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба дастраст намудани нусхаҳои санади судӣ ба Гулов Ҳ., ҶДММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд мавҷуд нест.

Аз протоколи маҷлиси судӣ аз санаи 04.08.2020 сол дида мешавад, ки дар вақт ва маҳаллӣ таъингардида намояндаи даъвогар ба маҷлиси судӣ ҳозир гардида, аммо қайд шудааст, ки ҷавобгарон новобаста аз он, ки ба тариқи дахлдор огоҳ карда шудаанд, бо сабабҳои номаълум ҳозир нашудаанд. (ҳуҷҷати огоҳ шудан мавҷуд нест)

Маълум карда шуд, ки бо таъиноти судӣ аз 04.08.2020 сол муҳокимаи судӣ мавқуф гузошта шуда, маҷлиси судӣ ба 10.08.2020 сол таъин карда шудааст.

Боз нусхаи санади судӣ ба Сайдуллоев А. супорида шуда, ҳамзамон нусхаҳои дигари ба Гулов Ҳ., ҶдММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд барои дастраст намудан такроран ба ў супорида шудааст.

Дар маводҳои парванда ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба дастраст намудани нусхаҳои санади судӣ ба Гулов Ҳ., ҶдММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд мавҷуд нест.

Аз протоколи маҷлиси судӣ аз санаи 10.08.2020 сол дида мешавад, ки дар вақт ва маҳаллӣ таъингардида тарафҳо новобаста аз он, ки ба тариқи дахлдор огоҳ карда шудаанд, бо сабабҳои номаълум ҳозир нашудаанд. (ҳуҷҷати огоҳ шудан мавҷуд нест, танҳо Саъдуллоев А.)

Ҳамин тавр, бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 10.08.2020 сол аризаи даъвогии Сайдуллоев М, ба ҷавобгарии Гулов Ҳ, ҷавобгари дигар ҶдММ «Ҷаҳони Нав ММ» ва Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд дар бораи беэътибор донистани шартномаҳои қарзи ва ипотека, дар асоси сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бинобар такроран ҳозир нашуда-ни намояндаи даъвогар ба маҷлиси судӣ, бе баррасӣ мононда шудааст.

Омўзиши парвандаи таҳти №1-335/2020 маълум намуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 25.08.2020 сол аризаи Ташкилоти Ҷамъиятии «Ҷамъияти ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» нисбати шахси манфиатдор МИҲД шаҳри Хуҷанд дар бораи мавриди баҳс қарор додани қарори Раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №295 аз санаи 26.04.2019 сол дар асоси сархати 2 моддаи 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ монда шудааст. (судя Абдуллозода Ф)

Мувофиқи сархати 7 моддаи 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогӣ бе баррасӣ мононда мешавад агар он имзо нашуда бошад ё шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Қайд намудан зарур аст, ки муқаррароти мазкур бояд санҷида мешуд аз ҷониби суди иқтисодӣ дар рафти қабули аризаи даъвогӣ, талаботи моддаи 125 КМИ ҶТ (шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза) ва ҳуҷҷатҳои замимашаванда)

Дар назар бояд дошт, ки мувофиқи талаботи моддаи 124 КМИ ҶТ (шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ (ариза), қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки аризаи даъвогӣ (ариза) бояд дар шакли хаттӣ ба суди иқтисодӣ пешниҳод гардида, бояд аз ҷониби даъвогар ё намояндаи ваколатдори ў имзо карда шавад.

Дар рафти баррасии парванда суди иқтисодӣ маълум намудааст, ки аризаи даъвогӣ аз ҷониби Котиби иҷроияи бахши ТҶ «Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Ҷабборзода П. ба имзо расонида шуда, аз ваколатномаи №16 аз санаи 20.02.2019 сол додашуда муайян гардидааст, ки ба Ҷабборзода П. аз тарафи Ҷамъият ҳуқуқи имзо намудани аризаи даъвогӣ дода нашудааст, ки асос барои бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ гаштааст. (Абдуллозода Ф.)

Омўзиши парвандаи таҳти №1362/2020 маълум намуд, ки дар асоси таъиноти суди иқтисодӣ аз 14.10.2020 с. аризаи даъвогии ХД «Манас» ба ҷавобгарии Алимбеков М, Эшмуродова М, Алимбеков А, Қарабоева Б, Турабеков М ва дигарон бо дастрасии сархати 8 моддаи 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда шудааст. (судя Исмоилзода Р.)

Маълум карда шуд, ки бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 15.09.20 сол парвандаи мазкур ба муҳокимаи судӣ таъин карда шуда, ба санаи 24. 09.2020 сол маҷлиси судӣ таъин гардидааст.

Аз маводҳои парванда маълум карда шуд, ки Алимбеков Э, Тошмуродов, Душанов Э, Маркаев А, Зиёвадинова Г, Ортиқова З. ва Ашуров Ш. бо дастхат огоҳ карда шуда, нусхаи санади судӣ ба ҷавобгарон Алим-беков М, Эшмуродова М, Алимбеков А, Қарабоева Б, Турабеков М, Ис-моилов Ҳ, Турсунов Д, Султонов Ф, Боев А, Бобоев С, Бобоев А, Турсунова А. ва КИЗ ноҳияи Спитамен фиристонида нашудааст, ки боиси вайрон намудани талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ ва ба тариқи дахлдор огоҳ нашудани қисми ҷавобгарон ва шахси манфиатдор гаштааст.

Аз ҳамин сабаб, дар вақт ва маҳалли таъингардидаи маҷлиси судӣ (24.09.2020 сол) шахсони бо дастхат огоҳшуда ба суди иқтисодӣ ҳозир шуда, дигар иштироккунандагони парванда ҳозир нашудаанд, аммо дар протоколи маҷлиси судӣ қайд карда шудааст, ки намояндаи даъвогар, ҷавобгарон ва шахсони манфиатдор ҳозир шудаанд. Лекин дар қисми охирони протоколи маҷлиси судӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ намояндаи даъвогар оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда вобаста ба хабардор намудани ҷавобгарон вазифадор карда шудааст.

Бо ҳамин сабаб, дар маҷлиси судӣ то санаи 01.10.2020 сол танаффус эълон карда шуда, дастхати Тоҷимуродов Х, Бобоев ва Бобоев А, намояндагон Машарипова М. ва Бадалова М. гирифта шуда, ба дигар иштироккунандагони парванда даъватномаи судӣ фиристонида нашудааст.

Санаи 01.10.2020 сол маҷлиси судӣ бо иштироки намояндаи Бадалова М, Бобоев, Душанов Э, Зиёвадинова Г. ва шоҳид Алимбеков Э. давом дода шуда, дар маҷлиси судӣ то санаи 08.10.2020 сол танаффус эълон карда шуда, дастхати Бадалова М, Бобоев, Душанов Э, Зиёвадинова Г. гирифта шуда, аммо нусхаи санади судӣ ба ҷавобгарон Алимбеков М, Эшмуродова М, Алимбеков А, Қарабоева Б, Турабеков М, Исмоилов Ҳ, Турсунов Д, Султонов Ф, Боев А, Бобоев С, Турсунова А. ва КИЗ ноҳияи Спитамен фиристонида нашудааст, ки боиси вайрон намудани талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ ва ба тариқи дахлдор огоҳ нашудани қисми ҷавоб-гарон ва шахси манфиатдор гаштааст.

Санаи 08.10.2020 сол маҷлиси судӣ бо иштироки Бобоев ва Душа-нов Э, давом дода шуда, дигар иштироккунандагони парванда ҳозир нашудаанд. Дар ҳамин хусус дар маҷлиси судӣ то санаи 14.10.2020 сол танаффус эълон карда шуда, дастхати Бобоев ва Душанов Э гирифта шуда, Бадалова М. аз ҷониби котиби маҷлиси судӣ огоҳ карда шуда, санад тартиб дода шудааст.

Дар ин маврид ҳам қисми боқимондаи иштироккунандаи парванда Алимбеков Э, Тошмуродов, Душанов Э, Маркаев А, Зиёвадинова Г, Ор-тиқова З. ва Ашуров Ш, Алимбеков М, Эшмуродова М, Алимбеков А, Қарабоева Б, Турабеков М, Исмоилов Ҳ, Турсунов Д, Султонов Ф, Бобоев А, Бобоев С, Турсунова А. ва КИЗ ноҳияи Спитамен бархилофи талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ ба тариқи дахлдор огоҳ карда нашудаанд, ки боиси ҳозир нашудани онҳо ба мурофиаи судӣ гаштааст.

Бо таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 14.10.2020 с. аризаи даъвогии ХД «Манас» ба ҷавобгарии Алимбеков М, Эшмуродова М, Алимбеков А, Қарабоева Б, Турабеков М ва дигарон бо дастрасии сархати 8 моддаи 147 КМИ ҶТ бе баррасӣ мононда шудааст. (судя Исмоилзода Р.)

Омўзиши маводҳои парвандаи таҳти №1-391/2020 маълум намуд, ки дар асоси таъиноти суди иқтисодӣ аз санаи 08.10.2020 сол аризаи даъвогии ҶдММ «Абузар», ба ҷавобгарии Хоҷагии деҳқонии «Ҷамила-П», Хоҷагии деҳқонии «Дилрабо-П», Хоҷагии деҳқонии «Ҳайдар-П», Хоҷа-гии деҳқонии «Мавҷуда-П», Хоҷагии деҳқонии «Марҳабо-П», Хоҷагии деҳқонии «ЗуҳроП», Хоҷагии деҳқонии «Саид-П», Хоҷагии деҳқонии «Мумин-П», Хоҷагии деҳқонии «Муниса-П», Хоҷагии деҳқонии «Гулба-ҳор-П», Хоҷагии деҳқонии «Гулчеҳра-П», Хоҷагии деҳконии «Муҳтарам -П», Хоҷагии деҳқонии «Ҳабиба-П», Хоҷагии деҳқонии «Волида-П» ва Хоҷагии деҳконии «Бахтиниссо-П», шахси сеюм, ки нисбат ба предмети баҳс талаботи мустақилона арз накардааст: Хоҷагии деҳконии «Пахтакор»-и шаҳри Конибодом дар бораи аз ҳисоби ҷавобгарон – ворисони ҳуқуқии Хоҷагии деҳқонии «Пахтакор» рўёнидани маблағи қарзи умумӣ ба андозаи 41 758,28 сомонӣ бо дастрасии сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ бе

баррасӣ монда шудааст.

Сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ муқаррар намудааст, ки суди иқтисодӣ аризаи даъвогиро бе баррасӣ мемонад агар муайян кунад, ки аризаи даъвогӣ имзо нашуда бошад ё шахсе имзо карда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт ё мақоми мансабии ў нишон дода нашуда бошад.

Дар ҳолати парвандаи баррасишаванда маълум карда шуд, ки аризаи даъвогӣ бо асосҳои имзо намудани аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе имзо шуда бошад, ки ҳуқуқи имзо кардани онро надошт бе баррасӣ мононда шудааст.

Дар рафти баррасии парванда аз баромади намояндаи даъвогар, далелҳои дар парванда мавҷуда маълум шудааст, ки аризаи даъвогии ҶММ «Абузар» аз ҷониби намоянда Нуъмонова Мушараф, дар асоси ваколатномаи аз санаи 23.05.2019 с. ба тариқи нотариалӣ аз ҷониби ҶдММ «Абузар» дар симои муассиси ягона Нуъмонова Мубинахон додашуда, ба имзо расонида шудааст.

Аз матни ваколатномаи аз санаи 23.05.2019 с. маълум шудааст, ки ҶММ «Абузар» намоянда Нуъмонова М.-ро ваколатдор намудааст, ки дар назди корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ғайра намояндаи он бу-да баромад намояд, аммо дар ваколатномаи мазкур ҳуқуқи намояндагӣ дар суди иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ имзо намудани аризаи даъвогӣ пешбинӣ карда нашудааст, ки дар ин хусус талаботи моддаи 61 КМИ ҶТ риоя карда нашудааст.

Аз қисми имзоии аризаи даъвогӣ ва ваколатномаи аз санаи 23.05. 2019 с. маълум карда шудааст, ки имзои Нўъмонова М. (Мубинахон) ва Нўъмонова М. (Мушараф) дигаргуна буда, имзои дар аризаи даъвогӣ гузошташуда аз ҷониби Нўъмонова Мушараф гузошта шудааст. Яъне, аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе имзо карда шудааст, ки ҳуқуқи имзо наму-дани он ба ў дода нашудааст.

Дар ҳамин хусус суди иқтисодӣ ба хулоса омад, ки тибқи сархати 7 мод. 147 КМИ ҶТ аризаи даъвогиро бе баррасӣ монад.

Инчунин қобили зикр аст, ки мувофиқи муқаррароти моддаи 148 КМИ ҶТ дар мавриди бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ истеҳсолоти парванда бо баровардани таъинот анҷом меебад.
Барои он, ки бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ ин як намуди ба итмом расидани мурофиаи судӣ бе қабули ҳалнома дониста шудааст, дар ҳамин хусус қонунгузор муайян намудааст, ки санади дар шакли таъинот бароварда мешавад.

Дар таъинот суди иқтисодӣ асосҳои бе барраси мондани аризаи даъвогиро (аризаро) дарҷ менамояд, ҳамчунин масъалаи аз буҷети давлатӣ баргардонидани боҷи давлатиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархати дуюми қисми 1 моддаи 147 КМИ ҶТ ҳал менамояд (талаботи пешазсудӣ).

Дар назар бояд дошт, ки ҳамчун дигар санадҳои судӣ, таъинот дар бораи бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ бояд асоснок карда шавад. Ғайр аз ҳолатҳои умумӣ, дар таъинот бояд аниқ хулосабарории суди иқтисодӣ оиди бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ бо асосҳои дар сархат-ҳои моддаи 147 КМИТ ҶТ муқарраршуда нишон дода шавад.

Дар ҳолате, ки агар сабаби бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза) риоя нагардидани тартиби иддао ё дигар тартиби пешазсудии ба танзимдарории баҳс бо ҷавобгар аз ҷониби даъвогар дониста шавад, дар ин маврид аз ҷониби суди иқтисодӣ бояд ҳатман масъалаи аз ҳисоби буҷети давлатӣ баргардонидани боҷи давлатӣ тибқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҳал карда шуда, дар санади судӣ дарҷ карда мешавад.

Нусхаи таъиноти суди иқтисодӣ мутобиқи талаботи моддаи 182-и КМИ ҶТ дар шакли хаттӣ бо баровардани санади судии алоҳида бароварда шуда, нусхаи он ба шахсони иштироккунандаи парванда фиристонида мешавад.

Дар назар бояд дошт, ки таъинот дар бораи бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ метавонад дар мўҳлат ва тартибе, ки дар КМИ ҶТ пешбинӣ карда шудааст, дар судӣ марҳилаи кассатсионӣ (эътибори қонунӣ пайдонакарда) ё назоратӣ (эътибори қонунӣ пайдонамуда) мавриди ши-коят қарор гирад.

Пас аз бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавӣ ва моддӣ ба миён омада, тибқи талаботи моддаи 148 КМИ ҶТ даъвогар ҳуқуқ такроран ба суди иқтисодӣ бо ҳамин баҳс, бо ҳамин асосҳо ва нисбати ҳамон шахсон (субъектон) муроҷиат намояд, аммо ин ҳуқуқи ў танҳо пас аз иҷро намудани ўҳдадориҳои мурофиавӣ вобаста ба бартараф намудани камбудиҳое, ки асоси бе баррасӣ гаштаанд, пайдо мегардад.

Бинобар ин қонунгузор муайян намудааст, ки бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ даъвогарро баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки ба-рои бе баррасӣ мондани ариза асос шуда буданд, аз ҳуқуқи ба таври уму-мӣ дуюмбора ба суди иқтисодӣ муроҷиат кардан маҳрум намесозад. Институти мазкур баҳри додани имконият ба субъектон барои барқарор на-мудани ҳуқуқ ва манфиатҳои вайронгашта муқаррар карда шуда, қобили зикр аст, ки бо баровардани санади судӣ оид ба бе баррасӣ мондани аризаи даъвогӣ баҳс моҳиятан ҳал нагардида, таъинот ҳамчун санади судии баҳсро ба итмомрасонида дониста намешавад.

Дар моддаи 148 КМИ ҶТ инстиути нав ворид гардида, муқаррар карда шудааст, ки суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати ҳаштуми моддаи 147 Кодекси мазкур таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо са-бабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии идти-лоъ додани онро пешниҳод намояд.

Дар назар бояд дошт, ки тибқи талаботи моддаи 120 КМИ ҶТ шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии иқтисодӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи қабули аризаи даъвогӣ (ариза) ба истеҳсолот ва оғоз намудани истеҳсолоти парванда, дар бораи вақт ва маҳалли маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ бо роҳи ирсоли нусхаи санади судӣ бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур, на дертар аз панӣ рўз то оғози маҷлиси судӣ ё гузаронидани ама-ли алоҳидаи мурофиавӣ хабардор карда мешаванд, агар дар Кодекси
мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 184 КМИ ҶТ нусхаи таъиноте, ки дар шакли санади алоҳидаи судӣ бароварда мешавад, ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар шахсони манфиатдор фиристода мешавад ва ё бо забонхат ба онҳо супорида мешавад.

Нусхаи таъинот дар мўҳлати панҷ рўзи баъди баровардани таъинот фиристода мешавад, агар бо Кодекси мазкур тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

Бинобар ин, баҳри бартараф намудани вайроншавии ҳуқуқҳои мурофиавӣ ва исбот намудани ҳолатҳои надоштани имконият барои иҷро намудани ўҳдадориҳои мурофиавӣ дар мўҳлати аз ҷониби суди иқтисодӣ муқарраршуда ва аз байн бурдани кашолкорӣ, қонуни мурофиавӣ ба суд ҳуқуқ додааст, ки дар ҳолате, ки агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намояд, суде, ки ин таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати ҳаштуми моддаи 147 КМИ ҶТ таъиноташро метавонад бекор намояд.

Дар ин маврид бояд дарназар дошта бошад, ки инстиути исбот намудани ҳолатҳо амал намуда, дар вақти баррасии намудани муроҷиати пешниҳодшуда, воқеъияти дархост оид ба бекор намудани санади судӣ, далелҳои тасдиқкунандаи оиди сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани он, асосҳои сархати 8 мод. 147 КМИ ҶТ бояд санҷида шавад.

Ҷамъбастии амалии судӣ доир ба бебаррасӣ мондани аризаи даъвогӣ (ариза), бекор намудани таъинот (тибқи қисми 6 моддаи 148 КМИ ҶТ) дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби ман гузаронидашуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, норасогиҳои дар рафти баррасии парвандаҳо ба миёномада, пешниҳод мекунам, ки ҷамъбастии мазкур дар маҷлиси васеъ кормандони Суди иқтисодии вилояти Суғд муҳокима карда шуда, дар сомонаи судӣ нусхаи он интишор карда шавад.

Судяи Суди иқтисодии

вилояти Суғд                                                     Ф.Ҳ. Хоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *