Имрӯз дар Cуди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбаият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ доир ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоишро Раиси Суди иқтисодии вилояти суғд муҳтарам Қосимзода С.О., оғоз намуда қайд карданд, ки Сарвари давлат бо Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароғи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатӣ буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.
Қобили зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – яъне ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ 30 солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, соли 2020 бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои дар натиҷаи паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус бо амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд.
Иқтисодиёти кишвар дар соли 2020-ум 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.
Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд.
Таъмини шароити зиндагии арзанда яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат ба масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии қишри осебпазири ҷомеа- маъюбон диққати махсус зоҳир намуданд. Дар ин робита дар Паёми навбатӣ таъкид шуд, ки Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд.” Дар ин асно нафақаи ятимон аз 20 то 50% зиёд гардида, барои бунёди се мактаб-интернати Президентӣ барои ятимони кулл дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе Ҳукумати кишвар уҳдадор карда шуд.
Масъалаи таъминоти моддӣ-техникӣ ва беҳатар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, дар Паёми имсола доир ба фаъолияти судҳо низ роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ уҳдадор гардиданд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асоси Паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардида, 3 барнома татбиқ ва барномаи чоруми ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Аз ҷумла бобати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 соли 2020 бо мақсади танзими баъзе масъалаҳои мурофиавӣ, ба монанди, такмил додани тартиби даъвати шахсони иштироккунандаи парванда, баррасии парвандаҳо дар суди марҳилаи кассатсиониву назоратӣ, пешгирии кашолёбии баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ду лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва пешниҳод гардид. Лоиҳаҳои мазкур аз ҷониби ҳокимияти қонунгузор дастгирӣ ёфта, он қабул ва мавриди амал қарор гирифт.
Ҳамчунин, ҷиҳати танзими масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардида, пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиши мазкур вобаста ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Исмоилзода Р.А., баромад намуда, нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор дод.
Вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»–ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад
Паёми мазкурро роҳбарият, судяҳо ва кормандонии дастгоҳи судҳои иқтисодии вилояти Суғд сармашқи фаъолияти қарор дода, бобати иҷроиши он чораҳои таъхирнопазир меандешад.