Таърихи пайдоиши Парчами Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Posted by

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад, ки махсусан, дар ҳаёти мардуми Эроннаҷод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Баъд аз он парчамҳои Тоҷикистонбо тақозои талабот ва сиёсати вақт давра ба давра  иваз шудан гирифтанд, ки аслан аз парчами ИҶШС (СССР) гирифта шуда буданд, ки чунин шакл доштанд:

Тоҷикистон 14-уми октябри соли 1924 Ҷумҳурии  Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Ӯзбекистон бунёд шуд ва 16-уми октябри соли 1929 ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва ба таркиби ИҶШС дохил шуд, ки парчам 23-юми феврали соли 1929 қабул шудааст.

Бо ҷумҳури итиҳодӣ шудани Тоҷикистон ва пазириши қонуни асосии нав парчам он низ дигар шуд ва ин дирафшро 25-уми феврали соли 1931 сохтаанд.

4-уми июли соли 1935 прчам дигаргун шуд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам ба забони русӣ навишта шуд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва бъди панҷ моҳ ҳамчун Ҷумҳурии  мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои Созмон оғоз шуд, барои қазоқистон, қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бод алели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС қазоқистон, ҶШС қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд.

Парчами Ҷумҳурии  Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст, ки тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки 11-уми декабри соли 1999 ба қарори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон таҳти № 892 тасдиқ шудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикисстон матои росткунҷаест, ки дар руйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳоии ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳаал рамзи тоҷ тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии  умумии парчам  1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусиаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷ баландиаш 0,55 паҳнои  рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи  қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:

«Ранги сурх- рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».                                              

«Парчам» воҷаи суғдӣ («parcam») аст, ки маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин « пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд». Ин воҷа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:

ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.

ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.

ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон симои Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, ки ин парчам то абад пойдор бимонад.

Исозода Искандар Исмоил

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *