Бахшида ба “рӯзи Президенти Ҷумӣурии Тоҷикистон” имрӯз дар Cуди иқтисодии вилояти Суғд бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди иқтисодии вилояти Суғд маҷлис баргузор гардид.
Дар ҷашни имрӯза нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳсули даврони истиҷлолият иброзу ақида намуданд.
Ҳамзамон аз заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойдории рукунҳои давлатдорӣ, ҷузу томҳои он суботи ҷомеа ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ суханрони намуданд.
Дар маҷлис Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода С.О. вобаста ба муҳимияти ин рӯзи таърихӣ, ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Мақсад аз ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракуни давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.
Ҳамчун рӯзи ид қабул шудани “16 ноябр” рамзӣ буда, он ба хотири бори аввал аз ҷониби якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашта интихоб шуда, 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардааст, бахшида шудааст.
Қайд карда шуд, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид” аз 22 майи соли 2016, санаи 16 ноябр ҳамчун иди “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” пазируфта шудааст.
Ҳамзамон Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Қосимзода С.О. ҳозиринро бо ин иди фархунда табрику таҳният намуда, таҳкид намуд, ки бо интихоби шакли идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммаи инситутҳои давлатдори бо низоми муайян фаолият намуда баҳри бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузоштааст, ки меҳвари ҳаммаи ин дастовард аз заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегириад.
Сипас Котиби Суди иқтисодии вилояти Суғд Валиева Умедахон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маърӯза намуд.
Бузургии миллати тоҷик дар он аст, ки ҳарчанд тӯли асрҳо барои аз байн бурдани ин миллати кӯҳанбунёд, аз тарафи душманони аҷнабӣ муборизаҳои зиёде рӯйи кор омада бошанд ҳам, ному нишони миллати тоҷик аз байн мерафт. Номи ӯро фарзандони фарзонааш бо хираду фазилат ва мақоми ҷаҳонӣ доштанашон пос доштанду аз нав эҳё мегарониданд. Ва бояд таъкид дошт, ки дастоварди таърихии асри 20-и аввали солҳои 80-ум, ки миллати тоҷик аз нав соҳиби саодати бузург – истиқлолияти давлатӣ гашт, дар ин амал фарзандони хирадмандаш саҳми бориз гузоштаанд.
Бешубҳа метавон гуфт, ки дар таърихи дирӯзае, ки офтоби бахт бори дигар ба рӯйи миллати тоҷик фурӯзон гашт, соҳиби дастоварди бузург – истиқлолияти давлатӣ гаштем, дар ин раванд нақши фарзанди абарманди миллат, ки дар лаҳзаҳои ҳассос барои халқи худ ҷон дар кафи даст ҷоннисорӣ намудааст, ин шахси бузург Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз бо ин шоҳкориҳояш дар қалби хурду бузург, пиру ҷавони кишвар роҳ ёфтааст.
Тавре маълум аст, истиқлолияти давлатӣ дар зиндагӣ ва кору фаъолияти мардум дигаргуниҳои зиёдеро эҷод намуд. Яке аз дастовардҳои бунёдие, ки дар даврони Истиқлолият маҳз бо роҳбарии ин марди ватандӯст, сиёсатмадор ва хирадпеша ба даст овардем ин ислоҳоти конститутсионӣ мебошад. Соли 1994 Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуд, ки минбаъд мардум ба ояндаи неки кишвар умед баста, бо дили гарм ба зиндагӣ шурӯъ намуданд.
Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ва ҳамчун қонуни асосии мамлакат ҳуҷҷати тақдирсоз унвон гирифт. Минбаъд ба тамоми пешравиҳо заминаи боэътимод гузошт. Дар асоси Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон низоми давлатдории миллӣ таъмин карда шуда, ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона муайян гардид.
Вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон бо заҳматҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд. Ба тариқи фишурда баршумурдани хислатҳои наҷибу шоиста ва иқдомҳои накуву созандаи ин ҷеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи ҷеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд. Зеро дар муддати кутоҳ хомӯш намудани шуълаҳои инсонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода набуд!
Дар ин роҳ Президент ҷони худро ба гарав гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши миллаткуш раҳонид. зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар щайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори «Ман ба Шумо сулҳ меорам» роҳро ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.
Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва ифтихор гашт. Дар тӯли Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардид. Бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, истгоҳҳои барқии обӣ, нақбҳо, шаҳрҳои калони сераҳолӣ ва дигар муваффақиятҳо.
Дар арсаи ҷаҳонӣ зиёда аз 145 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил мешиносанд, эътироф ва пазироӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 119 кишвару давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ ва бо зиёда аз 100 кишвару давлат муносибати тиҷоратӣ дорад.
Дар ҳакиқат давоми 29 соли Истиқлолият ҷумҳурии мо ба рушди назаррас ноил гардид.
Таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии Ватани маҳбубамон барои ҳар яки мо, гавҳари ноёб буда, бо сарзамини авдодии хеш ифтихор бояд намуд, ки меҳвари асосии таҳкими сулҳу субот ва рушди Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҳамаи ин якҷоя бо дигар тарафҳои рушди мамлакат аз ҷумла- соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимои, эътибор ба оилаҳои камбизоат, эътибор ба бачагони болаёқат бо шарофати сиёсати хирадмандона, дурандешона, ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон амали гардида истодааст, ки ба ин баҳои сазовор бояд дод.
Маҳз ба ҳамаи ин меҳнатҳои пурмашаққати Президентамонро арзёби намуда аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзҳои Ид» тащйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил мегардад. Ин санаи муборак ба 16 ногябри соли 1994 ҳамчун рузи нахустин савгандёдкунии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ аРР
Раҳмон пайванди мустақим дошт.
Гироми доштани ин рӯз танҳо як чашн нест. Он агар аз як тараф арҷгузорӣ ба хизмати беназири Пешвои миллат бошад, аз тарафи дигар нишон додани ваҳдат ва иқтидори миллӣ намоди иттиҳоди мардуми кишвар дар атрофи идеяҳои созандаи сарвари худ, дарки дурусти барномаҳои роҳбари маҳбуби миллат аз тарафи мардум ва талоши дастаҷамъонаи ҳамаи мо барои амалӣ шудани барномаҳост.
Ин ҷеҳраи мунавварфикр дар маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 30 октябри соли 2020 хоксорона, вале самимона иброз дошт, ки «Ман ба нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам. Ман аз хурду бузургӣ Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубониҳои ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқи азизу меҳрубон шабу рӯз содиқона, бо вичдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамом ҳастӣ хизмат мекуна» дар ҳар воҷаву ибораи ин иқтибос як кори хайру амали солеҳ ва муҳимтар аз ин ҷузъи мардумбудану муҳаббати самимӣ варзидан бо миллатро дарёфтан мумкин аст.
Хушбахтона, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, қадам ба қадам заминаи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқиро баҳри расидан ба зиндагии шоистаи тамоми сокинони ҷумҳурӣ, ки ҳадафи волотарини Давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мебошад, муҳайё сохта истодааст.
Президенти мо ифтихори мост!