Конститутсия заминасози рушди мақомоти судӣ

Posted by

  Конститутсия заминасози рушди мақомоти судӣ

 

 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт. Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.

Зикри ин матлаб дар Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олӣ аз нақши воқеан муассири Қонуни асосии кишвар дар рушди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дарак медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри сол 1994 қабул гардида буд, моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд. Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба ин нукта ишора карда, зимнан тазаккур дод: «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид».

Дар ҳақиқат, Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишвар, таҳким ва рушди давлатдорӣ  заминаи воқеӣ гузошт. Он на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.

Конститутсияи ҷумҳурӣ аз роҳи таҳкими ҳуқуқии арзишҳои умуми демократӣ ва самтгирии роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии ҷадид Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ амалан пайваст. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ аввалин маротиба тасарруфи ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби созмоне, гурӯҳе ва ё фарде мамнуъ эълон шудааст. Эътирофи халқ ба сифати ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ амри дорои аҳамияти усулӣ буда, зоҳир шудани иродаи он қабл аз ҳама дар натиҷаи қарорҳои корпуси интихоботӣ ифода меёбад. Дар асоси ин ҳидояти Конститутсия тамоми шаҳрвандони кишвар дар умури сиёсӣ бидуни ҳар гуна монеа метавонанд ширкат варзанд ва озодона изҳори ақида намояд, ки яке аз навовариҳои санади мазкур дар давраи истиқлолият мебошад.

Бояд гуфт, ки Конститутсия низоми нави мақомоти қонунгузор ва иҷроияро муқаррар карда, доираи салоҳияти онҳоро муайян намудааст. Он усули таҷзияи ҳокимиятро ба сифати пояи асосии давлати ҳуқуқбунёд муайян намуд. Дар моддаи 9 омадааст: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Ин таҷзия дар илми давлатшиносӣ амри нав нест. Ҳанӯз дар замони худ намояндагони табақаи навзуҳури сармоядори аврупоӣ бо мақсади маҳдуд сохтани ҳокимияти мутлақи шоҳ аз ин ақида пайравӣ мекардаанд. Дар асоснок сохтани ин назар, бешубҳа, хидмати олим ва мутафаккири Фаронса Ш. Л. Монтеске басо бузург аст. Ӯ дар асари хеш “Рӯҳи қонунҳо” навишта буд: “Агар ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия дар симои як шахс ва ё як муассиса муттаҳид гардад, дар он сурат озодӣ аз байн меравад, зеро метавон аз он ҳаросид, ки шоҳ ё сенат қонунҳои бедодгарона қабул намуда, онҳоро бо роҳи бедодгарона татбиқ намоянд. Агар суд аз ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия ҷудо набошад, дар ин маврид низ озодӣ наметавонад арзи вуҷуд намояд. Агар суд бо ҳокимияти қонунгузорӣ муттаҳид бошад, дар он сурат ҳаёт ва озодии шаҳрвандон таҳти ҳокимияти золимона қарор мегирад, зеро судя худ қонунгузор мешавад. Агар суд бо ҳокимияти иҷроия муттаҳид гардад, дар он сурат судя метавонад имконияти золимро касб кунад. Ҳама чиз рӯ ба маҳв хоҳад овард, агар дар симои як шахс ва ё муассиса, ки аз маъмурон, ашрофон ва ё авом иборат бошад, ин се ҳокимият, яъне ҳокимияти эҷоди қонунҳо, ҳокимияти иҷрокунандаи қарори умумидавлатӣ ва ҳокимияти таҳти суд қарор додани ҷиноят ва ё даъвои шахсӣ мутаҳид гардад”.

Дар ин ҷо мутафаккир моҳияти созмонию ҳуқуқии таҷзияи ҳокимиятро муайян намудааст. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳамият ва мавқеи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҳаёти ҷомеа, боби алоҳида, ки он аз дигар бобҳои танзимкунандаи сохти давлатӣ пеш омадааст, ҷой дода шудааст. Асоси ин бобро, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон” ном дорад, меъёрҳои умумиқабулшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва Эъломияи умумии ҳуқуқӣ башар ташкил медиҳанд.

Аввалин маротиба дар таърихи кишвар Конститутсия имкони пешрафти ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо таҳким бахшид. Тибқи Қонуни асосӣ Президентро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб менамоянд. Сарвари давлат ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Президент ба сифати Сарвари давлат дар соҳаи ҳокимияти судӣ низ аз салоҳиятҳои воқеӣ бархурдор аст. Пешниҳоди номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи салоҳиятҳои Президент буда, тамоми дигар судяҳои ҷумҳуриро дар асоси пешниҳоди раиси Суди Олӣ ва раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад.

Зикри як нуқта хеле муҳим аст, ки ба конститутсияҳои солҳои пеш аз соҳибистиқлолӣ ҳар вақт, ки зарурат пеш меомад, тағйирот ворид мекарданд. Ҳоло мувофиқи моддаи 98 тағйиру иловаҳо ба Конститутсия танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд. Пешниҳод оид ба тағйиру иловаҳо се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

Баъди қабул ва мустақиман мавриди амал қарор гирифтани Конститутсия тайи он солҳо музокироти тӯлонии миёни тоҷикон, ки мақсади ниҳоӣ таъмини сулҳу субот ва оромию баҳамоии тарафҳо буд, шурӯъ шуда, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997), ба анҷом расид. Созишнома дар радифи ҳаллу фасли як силсила масъалаҳои мубрами рӯз, ки ниҳоят натиҷаи дилхоҳ дод, аз ҷумла ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия пешбинӣ намуд. Ба он дар давоми 24 соли амалаш ҳамагӣ се маротиба – 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин раванд ба устувору пойдории меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, сулҳу субот, оромӣ ва камолоти давлатдорӣ мусоидат кард.  

Суди конститутсионӣ дар Тоҷикистон мақоми нави судӣ мебошад, ки  Конститутсия аввалин бор инро дар мамлакат пешбинӣ намуд (моддаҳои 84 ва 89 ). То ин вақт вазифаи назорати конститутсионӣ аз тарафи Кумитаи назорати конститутсионии Тоҷикистон амалӣ мегардид, ки ташкили он ҳамчун қадами аввал дар роҳи таъсиси Суди конститутсионӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Аввалин бор дар таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон дар Конститутсия дар низоми судҳои ҷумҳурӣ ҷои судҳои ҳарбӣ муқаррар шудааст. Бояд зикр кард, ки то ин вақт дар низоми судҳои Тоҷикистон судҳои ҳарбӣ мавқеъ надоштанд. Таъсиси онҳо бо ташкили Артиши миллӣ ва мақомоти ҳарбии Тоҷикистон иртибот дорад.

Судҳои иқтисодӣ низ самараи Конститутсия ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Вусъати бемисли рушди бахшҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, тамадуну фарҳангӣ ҷаҳони муосир, шиддатнокии ба вуқӯъ пайвастани ҷараёни глобализатсия, хусусан дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ, инкишофи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ байналмиллали соҳибкорӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ дар назди судҳои иқтисодӣ вазифа гузоштааст, ки вобаста ба таъмини бесуботи фаъолияти низоми судӣ, баамалбарории адолати судӣ ва ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои иқтисодӣ чораҳои зарури андешанд. Самти асосии фаъолияти судҳои иқтисодӣ ин устуворгардонии қонуният ва адолат дар соҳаи соҳибкорӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули эҳтиром нисбат ба Қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар ин ҷода риояи ҳифзи ҳуқуқу вазифаҳои харидору фурӯшанда, корфармову паймонкор, муштариву соҳибкор хеле зарур аст. Роҳу равиши ҳаллу фасл, тарзи баррасии ин мушкилот дар гузашта дар сатҳи девон, вазоратҳо мавқеи ҷиддӣ дошта ва дар осори гаронбаҳои адибони классик, пешвоёни давлативу сиёсатмадорон, низ таъкид шудааст, аммо сохтори мушаххас ё муайяне дар ин бобат мавҷуд набуд. Баҳсҳои иқтисодӣ тиҷорати, ки бештар мавзуъҳои тақсими замин, молу амволи тиҷоратӣ ва соҳибкориро дар бар мегирифт то як андоза аз тарафи ҳокимону мӯбадон, қозиҳо дар заминаи дастурҳо, фатво, ҳадисҳо, фароизу суннатҳои динӣ ҳал ва дар мизони шариат қиёс мешуданд. Зарурати таъсис додани судҳои махсус оид ба баҳсҳои тиҷоратӣ ҳанӯз дар давраҳои подшоҳи Россия солҳои 1135 ба миён омада буд, ки ин категорияи судҳо баҳсҳои иқтисодии дараҷаи махсусро баррасӣ менамуданд.

Воқеан, ин санади олӣ, ки 26 сол муқаддам мардуми шарифи Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ барои худ ва наслҳои оянда қабул кард, рӯи хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, милливу анъанавӣ, мазҳабиву таърихии кишвар такя мекунад. Таҳия ва қабули он бузургтарин воқеаест, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон рух дод ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, назири сиёсиву иҷтимоӣ ва фаҳангӣ заминаи устувор гузошт. Қабули Қонуни асосӣ саҳифаи нави таърихи сиёсии Тоҷикистонро боз намуд ва низоми миллии давлатдориро поягузорӣ кард. Ҷавҳари фалсафии ин санади олии ҳуқуқӣ аз андешаҳои адлу адолат, озодию истиқлол, баробарҳуқуқии тамоми қишрҳои ҷомеа сарчашма мегирад ва моро зарур аст, ки ба таври доимӣ дар устувории он ҳамчун як рукни муқаддасоти миллӣ саъю талош намоем.

 

Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар,

муовини раиси суди иқтисодии

вилояти Суғд

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *