Конститутсияи-сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Posted by

Конститутсияи-сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мо, халқи Тоҷикистон,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушту камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯсти тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, Ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамем.

Сарқонуни ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуда, ба талаботи ҷомеаи баъди шӯрави, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгу набуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тащир ба даст овардан саъю кушиши худро ба сохтмони давлатӣ ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд равона кард.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқи қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти Конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешрави ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ ҳамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.

Бинобар ин маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро муқаррар намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Конститутсияи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи райпурсии умумихалқи қабул шудааст, сарчашмаи ҳуқуқие мебошад, ки асоси ҳуқуқии хамаи дигар қонунҳоро ташкил менамояд.

Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлатии ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда онро бевосита (тавассути интихоботи бевоситаи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё ба восита (намояндаги, мисол, Маҷлиси милли) амали мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти Конститутсиони, ҷустуҷ=и ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхурии ҷамъияти сотсиалисти буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихи ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Беҳуда нест, ки дар маърузаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид карда буданд, ки раванди нави таърих ба дӯши давлатӣ соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаи Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буд, ки он аз марҳилаи нави таърихи огоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Албатта, қабул намудани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб набуд. Чунки баъди барҳам хӯрдани ИҶШС Ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда ба сохти дигари давлатдори гузаштанд, ки асоси онро муносибатҳои бозорӣ ташкил менамоянд. Конститутсияи соли 1978-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохти олитарин форматсияи ҷамъиятиро ифода мекард, дар шароити кунуни дигар вазифаҳои худро иҷро карда наметавонист. Оиди қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз баъди мустақил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъала пайдо шуда буд, вале ҷанги граҷдани барои пештар қабул шудани он мамониат кард.

Натиҷаи инкишофи давлатию ҳуқуқиро дар солҳои истиқлолият баҳо дода истода, нақши махсус ва аҳамияти Конститутсияро қайд кардан зарур аст.

Ҳамин тавр, Конститутсия ба ҷараёни инкишофи давлати-ҳуқуқии мамлакат таъсири муайянкунанда расонидааст. Қайд кардан зарур аст, ки азнавсозии демократии миқёсан васеъ, ислоҳоти тамоми системаи ҷамъияти-сиёсӣ ва ҳуқуқиро бе Конститутсияи соли 1994 амали кардан щайри имкон мебуд.

Баъди қабули Конститутсия барои ҳангоми гузариш ба муносибатҳои бозорӣ аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи ҳаҷман васеи ислоҳоти иқтисодӣ кор карда баромада шуда буд. Соли 1995 Ҷумҳури ба амалӣ намудани ин барномаи навташкилкунии иқтисодӣ ощоз кард, ки мақсади асосии он гузариш аз нав банақшагирии марказонидашуда ба иқтисодӣ бозорӣ мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амал баровардани ислоҳоти судӣ низ асоси воқеиро гузошт. Маҳз дар моддаҳои он бори аввал дар бораи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид, ки дар оянда ба ташкили судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт.

Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995 ба кор карда баромадан ва қабули ду санади нав: Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонд, ки асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ гаштанд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитраҷҳои давлатиро ба мақомотҳои комили ҳокимияти судӣ ифода намуда, бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рўи парвандаҳои хоҷагидорӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт. Дар вақти ҳозира асоси ҳуқуқии системаи сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодиро Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Дуруст ва сари вақт ҳал намудани баҳсҳо дар соҳаи иқтисодии ҳаёти ҷамъият дар шароити ташаккули муносибатҳои бозорӣ барои ҳимояи ҳуқуқи ташкилотҳо, шаҳрвандони соҳибкор, барои фаъолияти ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат аҳамияти калон дорад.

Хулоса, Конститутсия муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқии ҳар як давлат мебошад, ки дар он асосҳои ҳуқуқии ҳаёти ҷамъияти сабт ёфтааст ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

 

Ҳайитбобоева Мадина Отаҷоновна

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *