Қонуни Милли – кафолати зиндагаи шоиста аст. Эмомалӣ Раҳмон
НАҚШИ АМИҚЕ ДАР АРЗИШИ УМУМИБАШАРӢ
Дувоздаҳ сол қаблан қабули Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро нодиртарин аснод ҳисобем муҳобот намешавад. Рисолати қонуни мазкур ҳамчуноне, ки дар Муқаррароти умумй (Боби I) омадааст дар бобати ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми кишварамон баҳри паст гардидани сатҳи камбизоатй, пешгирии харҷи барзиёдй ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ то ба имрӯз ҳаётй шуда, як нақши муассире дар бахши фарҳанш миллй ва тамадцуннокии мо гузопгга истодааст. Агар ба таърихи маданияти беш аз ҳазорсолаи аҷдодони худ нигарем эҳсос менамоем, ки ҷашну маросимҳо тӯли садсолаҳо дар асоси мақсаду орзуҳо дар доираи расму оин, суннату мазҳаб ба қолаб даромада, тибқи он доир карда мешуд.
Яъне он дар ду давраи бузурга таърихӣ аз ҷониби аҷдодони мо шрд овардаву маъмул гаштааст, ки нахуст даврони зардуштӣ (ориёй) ва дуюмин замони исломист, ки нодиртарин тамаддуни рӯзгори мо маҳсуб меёбад ва ин поктарин замонест, ки арзишҳои олитарини маънавиётро фарогар гаштааст.
Аммо дар қарни XX бо таъсири падидаҳои бегона, яъне омшҳои берунӣ дар рукнҳои он тагаиротҳо рух доданд. Мазмуни анъана ва ҷашну маросимҳо ранга худнамошпй ва сабқатро ба худ касб карда, дар байни ҷомеа як навъ хурофотро эҷод намуд. Калонхарҷии бемавқеъ, исрофи бебаркаши маводи озуқа ва матову газворҳо барои яке қарзҳои миёншиканро меоварад, дигареро ба таассубу ҷаҳолат наздик мекард. Ва ин аҳвол хушбахтона дар оғози садаи нав бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳцати миллй – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмоматй Раҳмон пешгарй ёфт.
Азбаски мамлакатамон аз ҷанга шаҳрвандй бо ҳоли харобе баромада буд ва зиндагаи мардумон дар вазъи пасти иқтисодӣ қарор дошт яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боло бурдани дараҷаи некуаҳволии халқ иборат буд ва пешгарии хурофоту таассуб яке аз воситаҳои манфиатбахш мешуд, ки ин нукта дар суханронии сардори давлатамон инъикос шуда буд: «То расму оин ва маросимҳои мшшиву динии худро ба як низо\ш муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сафи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолй ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.»
Тавассути қабули чунин як Қонуни зарурӣ мо дар арсаи байналхалқй воқеияти демократияи худро амалан собит кардем. Риояи ҳатмии қонун баҳри беҳбудонии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таьсири мусбат гузошта, дараҷаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро батанд намуд, ки ин мавриди омӯзиши коршиносони Аврупову Осиё қарор гирифтааст.
Бо дарназардошти чунин эътибору нуфуз ҳар якн мо вазифадорем, ки дар амалисозии ҳамин гуна Қонуни Миллӣ, ки дорои аҳамияти умумибашарист талош варзем.
Судяи Суди
иқтисодии вилояти Сугд Абдуллозода Фарҳод Нусратулло