Баргузории маҳфили илмӣ ва илмию-адабӣ дар мавзуи “Забони тоҷикии ориёӣ нишонаи худшиносии мо”.

Posted by

Санаи 5 октябри соли 2026 дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии виилят Суғд маҳфили илмӣ ва илмию-адабӣ дар мавзуи “Забони тоҷикии ориёӣ нишонаи худшиносии мо” баргузор гардид.

Раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд Мирзозода П.Т. ҷамъомадро кушода иброз намуданд, ки таърихи инсоният борҳо собит намудааст, ки дар ҳама давру замонҳо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ аз ҷониби шахсиятҳои алоҳидаи сиёсиву фарҳангӣ пайомадҳои нек ба бор оварда, ба тавассути ин амал кору пайкор ва номи эшон дар саҳифаҳои таърих бо хати тилло сабт мегардад. Таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассос ва барои миллат хеле мушкил тавонистанд бо ақлу заковати фитрӣ на танҳо миллату давлатро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшанд, балки пояҳои мавҷудияти онро ба василаи таваҷҷуҳ нисбат ба арзишҳои миллӣ мустаҳкам намоянд. Дар ин миён нақш ва ҷойгоҳи фарзанди фарзонаи миллат ва сиёсатмадори варзида – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, махсус бояд қайд намоем.

Аз рӯзҳои аввали ба сари давлат омадан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забон дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдоштаи забонӣ як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Пеш аз ҳама Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2009) таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.  

Ҳамчунин маърузачиён, маърузаҳои пурмазмуни худро доир ба гиромидошти забони давлатӣ баён дошта, гиромӣ доштани забони тоҷикиро вазифаи инсониву виҷдонии ҳар фарди бонангу номуси мамлакат шумориданд.

Дар охир иштирокчиёни маҳфил андешаҳои худро оид ба ифтихор аз забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ баён намуданд.