10 июли соли 2026 дар маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода Зебониссо Файзулло ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсанд, муовинон, судяҳо, роҳбари дастгоҳ, сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ, раис, муовинон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва Суди иқтисодии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Ҷаласаи ҳисоботиро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода Зебониссо Файзулло ифтитоҳ намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2026 изҳори назар намуд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ ва раисони судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз натиҷаи дастовардҳои фаъолият дар шаш моҳи аввали соли 2026 гузориши муфассал доданд.
Дар натиҷа қарори Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳо ва таҳрезии нақшаву иқдомот барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ қабул гардид.

